Толибҳо поксозии Кобул аз ҷиноётро оғоз карданд

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Обуна шудан
Ҷангӯёни толибон рӯзи ҷумъа аз оғози амалиёти поксозии Кобул ва вилояти атрофи он хабар доданд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар "Твиттер"-и худ навишт, ки толибҳо эълом кардаанд, се ниҳоди амниятии иморати исломӣ (вазоратҳои дифоъ, дохила ва истихборот) дар Кобул ва вилоятҳои атрофи он таҳти фармондеҳии Мулло Муҳаммад Фозил Мазлум, муовини вазири дифоъ амалиёти поксозиро оғоз кардаанд.
Ҳадаф аз ин амалиёт боздошт ва маҳви сориқон (дуздон), одамрабоён ва соири муҷримин дар манотиқи мазкур аст.
Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ин амалиёт барои таъмини амнияти беҳтари сокинони Кобул, тоҷирон ва дигар ҳамватанон оғоз шудааст.
Представитель движения «Талибан» Анас Хаккани и делегаты, сидящие в самолете перед вылетом в Осло, в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Ҳақонӣ: Раванди ба расмият шинохтани ҳукумати толибон “хомӯшона” ҷараён дорад
"Дар ҷараёни ин амалиёт ҳеҷ кас ва ҳеҷ хонаи ғайринизомӣ осеб намебинад, тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида мешаванд, то ба мардум муносибати хубе ба роҳ монда шавад. Мо аз мардуми ин вилоятҳо ва минтақаҳо хоҳиш мекунем, ба нерӯҳои амниятии худ дар ироаи иттилоот кумак кунанд ва аз амалиёт натарсанд”, - гуфт Муҷоҳид.
Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки "агар он нафарон бегуноҳ бошанд ва ё бо ҷинояткорон рабте надошта бошанд, ҳеҷ мушкиле надоранд".
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6 сентябр толибон аз истиқрори назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд ва рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0