https://sputnik.tj/20220225/se-nishona-omoda-budani-mard-ba-zangiri-1046289460.html
Се нишонаи омода будани мард ба зангирӣ
Се нишонаи омода будани мард ба зангирӣ
Sputnik Тоҷикистон
Одати гузоштани сабзӣ ба дохили пойафзол аз ҷониби ҷавононро дар урфият маънои пурсидани иҷозати волидон ба барпо намудани оила мегӯянд.
2022-02-25T21:05+0500
2022-02-25T21:05+0500
2022-02-25T21:05+0500
дар тоҷикистон
зан
мард
оила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102435/15/1024351575_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_04c78af9e0cfb8b7522b04d8bdc24d96.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Гузашта аз ин равоншиносон нишонаҳои дигаре аз ҷавононро мегӯянд, ки аз омода будани онон ба издивоҷ дарак медиҳанд.Таҳлилгарон аз нишондодҳои азҳампошии оилаҳо дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон бонги хатар мезананд.Далелҳои ноустувории хонаводаҳоро коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд. Равоншиносон бошанд, бар онанд, ки далели асоситарини ҷудошави оилаҳо – омода набудани ҷуфтҳо ба ташкили оила мебошад.Ҳамин тавр аз нигоҳи равоншиносӣ се нишона бозгӯи омода будани мард ба ташкили хонаводаро дорад.Онҳоро коршинос Марям Давлатова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.Ҷавоне ки хонадор шудан мехоҳад, бояд аз се ҷиҳат – иҷтимоӣ, моддӣ ва равонӣ омода бошад, мегӯяд хонум Марям.Ба қавли ӯ, аз нигоҳи моддӣ омода будан - маънои онро дорад, ки марди зангир бояд ҳаддиақал пасандозе ё коре дошта бошад, ки ақалан талаботи ҳамсар ва худашро аз нигоҳи моддӣ худаш (бидуни кӯмаки волидон) таъмин карда тавонад.Дувум, аз нигоҳи равонӣ омода будани ҷавон ба зангирист - мард дӯст дошта ва марзи шахсии худашро ҳимоя карда тавонад.“Ӯ бо занаш мунсоибаташро бояд худаш бунёд кунад. Дигарон ин чизро танзим накунанд. Масалан, меҳрубонӣ кардан хоҳад, аз дар даромад, дар ҳузури дигарон, занакҷон гуфта тавонад. Агар нтавонад, ин нишондиҳандаи он аст, ки ба камол нарасидааст”, - таъкид мекунад вай.Ба гуфтаи равоншинос, ҷиҳати иҷтимоӣ низ дар бунёди хонавода бисёр муҳим аст.Ин қабул карда тавонистани зан бо махсусиятҳои характераш ва тамоми хешу табораш аст.Вақте ин нишонаҳо дар марди зангир дида намешаванду ӯ оила бунёд мекунад, ба ном зандор аст, дар асл масъулияти оиладориро намедонад ва ҳар чизе ки мекунад, зери назорати падару модар, аз тарси онҳо анҷом медиҳад. Дар натиҷа ҳарду – ҳам ҳамсар ва ҳам худаш аз ҳар ҷиҳат аз волидон вобаста мешаванд, ки дар оянда боиси эҷод шудани мушкилиҳои дигар мегардад.“Масалан, падару модар гуфтанд, ки барои занат либос хар - мехарад, гуфтанд нахар – намехарад”, - меафзояд ӯ.Равоншинос таъкид мекунад, ки агар нишонаҳои дар болозикршуда дар марди зангир дида шаванд, маънои омода будани ӯро ба бунёди хонавода ва рафъи мушкилиҳое ки дар тӯли зиндагиӣ сар мезананд, дорад. Агар не, байни ин гуна ҳамсарон пайванди қавие пайдо нахоҳад шуд. Хатари азҳампошии онҳо ҳар лаҳза ва бо ҳар баҳона метавонад сар занад.
https://sputnik.tj/20220214/kohishi-khushunat-dar-oilaho-tojik-1045847930.html
https://sputnik.tj/20220204/padidai-nav-zanhoi-tojik-ham-aliment-medihand-1045517647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102435/15/1024351575_0:0:721:541_1920x0_80_0_0_7726c7255cc9dcc71a0154ba725b2a7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зангирӣ, мард, сабзӣ, ҷавонон
тоҷикистон, зангирӣ, мард, сабзӣ, ҷавонон
Се нишонаи омода будани мард ба зангирӣ
Дар бештари маворид ҷавонони мо аз мустақим гуфтани омодагии худ барои зангирӣ дар ҳузури волидайн шарм медоранд, аммо ғайримустақим ишораҳое дар ин хусус менамоянд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Гузашта аз ин равоншиносон нишонаҳои дигаре аз ҷавононро мегӯянд, ки аз омода будани онон ба издивоҷ дарак медиҳанд.
Таҳлилгарон аз нишондодҳои азҳампошии оилаҳо дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон бонги хатар мезананд.
Далелҳои ноустувории хонаводаҳоро коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд. Равоншиносон бошанд, бар онанд, ки далели асоситарини ҷудошави оилаҳо – омода набудани ҷуфтҳо ба ташкили оила мебошад.
Ҳамин тавр аз нигоҳи равоншиносӣ се нишона бозгӯи омода будани мард ба ташкили хонаводаро дорад.
Онҳоро коршинос Марям Давлатова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.
Ҷавоне ки хонадор шудан мехоҳад, бояд аз се ҷиҳат – иҷтимоӣ, моддӣ ва равонӣ омода бошад, мегӯяд хонум Марям.
Ба қавли ӯ, аз нигоҳи моддӣ омода будан - маънои онро дорад, ки марди зангир бояд ҳаддиақал пасандозе ё коре дошта бошад, ки ақалан талаботи ҳамсар ва худашро аз нигоҳи моддӣ худаш (бидуни кӯмаки волидон) таъмин карда тавонад.
“Ниёзи модди ҳамсарашро мард бояд аввал харида тавонад ва сипас дар назди волидонаш рӯирост дода тавонад. Оилаҳое ҳастанд, ки даромади ҷавонмард аз дасти падару модараш мегузарад ва онҳо муайян мекунанд, ки “ба кӣ чӣ лозим аст”. Доштани пул ва саришати пул, барои марди оиладор муҳим аст”, - таъкид мекунад вай.
Дувум, аз нигоҳи равонӣ омода будани ҷавон ба зангирист - мард дӯст дошта ва марзи шахсии худашро ҳимоя карда тавонад.
“Ӯ бо занаш мунсоибаташро бояд худаш бунёд кунад. Дигарон ин чизро танзим накунанд. Масалан, меҳрубонӣ кардан хоҳад, аз дар даромад, дар ҳузури дигарон, занакҷон гуфта тавонад. Агар нтавонад, ин нишондиҳандаи он аст, ки ба камол нарасидааст”, - таъкид мекунад вай.
Ба гуфтаи равоншинос, ҷиҳати иҷтимоӣ низ дар бунёди хонавода бисёр муҳим аст.
Ин қабул карда тавонистани зан бо махсусиятҳои характераш ва тамоми хешу табораш аст.
“Мард бояд аъзои нави оиларо бипазирад ва усулҳои нави бо ӯ муносибат карда тавонистанро донад”, - қайд мекунад Давлатова.
Вақте ин нишонаҳо дар марди зангир дида намешаванду ӯ оила бунёд мекунад, ба ном зандор аст, дар асл масъулияти оиладориро намедонад ва ҳар чизе ки мекунад, зери назорати падару модар, аз тарси онҳо анҷом медиҳад. Дар натиҷа ҳарду – ҳам ҳамсар ва ҳам худаш аз ҳар ҷиҳат аз волидон вобаста мешаванд, ки дар оянда боиси эҷод шудани мушкилиҳои дигар мегардад.
“Масалан, падару модар гуфтанд, ки барои занат либос хар - мехарад, гуфтанд нахар – намехарад”, - меафзояд ӯ.
Равоншинос таъкид мекунад, ки агар нишонаҳои дар болозикршуда дар марди зангир дида шаванд, маънои омода будани ӯро ба бунёди хонавода ва рафъи мушкилиҳое ки дар тӯли зиндагиӣ сар мезананд, дорад. Агар не, байни ин гуна ҳамсарон пайванди қавие пайдо нахоҳад шуд. Хатари азҳампошии онҳо ҳар лаҳза ва бо ҳар баҳона метавонад сар занад.