Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ӯзбекистон парвозҳо ба Украинаро қатъ кард

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Як ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон парвозҳояш ба Украинаро қатъ кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ширкати "Uzbekistan Airways" парвозҳояш ба пойтахти Украина шаҳри Киевро қатъ кард.
Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки парвозҳои HY-3731/3732 Тошканд - Киев - Тошканд, ки 27 феврал ва 2 марти соли 2022 дар назар аст, лағв мешавад.
Мусофирон метавонанд, маблағи пурраи билетро аз макони дарёфти чипта бозпас бигиранд ё онро ба дигар рӯзи дилгоҳ ҳангоми бозкушоии парвозҳо иваз кунад.
"Uzbekistan Airways" мегӯяд, иловатан ба мусофирон аз тағйироти парвоз хабар медиҳад.
Парвозҳо бинобар баста шудани ҳарими ҳавоии Украина барои парвозҳои кишварӣ лағв шуданд.
Қабл аз ин ҳавопаймои ширкати "Uzbekistan Airways", ки аз Намангон ба Краснодари Русия парвоз мекард, бидуни анҷоми парвоз ба ақиб гашт.
Лайнер ба далели баста шудани фазои ҳавоӣ дар болои вилояти Ростов ба фурудгоҳе баргашт, ки аз он парвоз карда буд.
Люди в аэропорту Манас в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвози "Сомон эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд
Президенти Русия Владимир Путин қаблан эълон карда буд, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс баргузор мешавад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши ърежими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Раҳбари Русия аз низомиёни украинӣ хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ рӯзи панҷшанбе гуфт, Русия на бар зидди мардуми Украина, балки алайҳи хунта, ки қудратро дар Киев ба даст овардааст, иқдом мекунад.

Вазъият дар Донбасс

Ҳафтаҳои ахир вазъ дар Донбасс тезу тунд шуд: Киев қисми зиёди артишро мутамаркиз кардааст ва пайваста бо истифода аз таҷҳизоти мамнуъ ба сӯйи низомиён тир холӣ мекунад.
Ба далели таҳдиди таҷовуз аз Украина ба ҶМД ва ҶМЛ эвакуатсияи занону кӯдакон ва пиронсолон ба минтақаҳои Русия шуруъ шуд.
ҶМЛ: Низомиёни Украина аз ҷанг даст мекашанд
Сафарбаркунии умумӣ эълон гардид. Дар чунин вазъият 19 феврали соли ҷорӣ роҳбарони ҷумҳуриҳо бо хоҳиши эътирофи истиқлоли худ ба раҳбари Русия муроҷиат карданд.
Путин рӯзи 21 феврал дар як паёми телевизионие гуфт, ӯ зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ фавран эътироф карда шавад ва фармонҳои дахлдорро имзо кард.
Путин супориш дод, ки дар ин манотиқ сулҳу осоиш таъмин карда шавад.
Тавре кишвардори Русия шарҳ дод, ӯ ба далели ин чунин тасмим гирифтааст, ки Украина ба ҷуз аз роҳи низомӣ роҳи дигари ҳалли низоъ дар Донбассро эътироф намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0