https://sputnik.tj/20220224/parvoz-somon-eyr-ekaterinburg-dushanbe-laghv-1046199446.html
Парвози "Сомон эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд
Парвози "Сомон эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд
Sputnik Тоҷикистон
Якчанд парвозҳои байналмилалӣ ва дохилӣ аз фурудгоҳи Екатеринбург, аз ҷумла парвоз ба пойтахти Тоҷикистон лағв карда шуданд
2022-02-24T12:40+0500
2022-02-24T12:40+0500
2022-02-24T17:30+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
екатеринбург
ҳавопаймо
дар русия
дар тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_0bdaeb3063bbdb8eaad81e4257a2a831.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Парвози рӯзи 24 феврал аз фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд.Дар ин бора таблиғоти онлайнии терминали фурудгоҳ шаҳодат медиҳад.Гуфта мешавад, парвози SZ- 210-и ширкати "Сомон эйр", ки бояд соати 12:10 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешуд, лағв шудааст. Ҳанӯз эълом нашудааст, ки ҳавопаймои ширкати тоҷикӣ кай метавонад ин парвозро анҷом диҳад. Рӯзи 24 феврал як парвози дигари ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон аз Колтсово дар назар аст. Вақти парвоз соати 23:45 ба вақти маҳаллӣ гуфта шудааст. Дар бораи ин парвоз то ҳол маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Дар таблои таблиғот то ҳол маълумот дар бораи лағв ё таъхири эҳтимолӣ пайдо нашудааст. Илова бар ин боз чанд парвози дохилии дигар ба шаҳрҳои Сочи, Краснодар ва Уфа лағв шудааст. Қаблан, субҳи рӯзи панҷшанбе дар се фурудгоҳи Маскав – Внуково, Домодедово ва Шереметево беш аз 200 парвоз ба таъхир афтод ё лағв шуд. Ёдовар мешавем, ки як қатор фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия рӯзи 24 феврал корро мутаваққиф карданд.Моҳи март парвози нав миёни Тоҷикистону Русия роҳандозӣ мешавадРаисҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ"-ро тақозо дорад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
https://sputnik.tj/20220203/shirkat-rusiya-parvoz-dushanbe-1045465661.html
екатеринбург
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_96bd28b7069593314edc0c46df11bb27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, парвоз, русия, тоҷикистон
лағв, парвоз, русия, тоҷикистон
Парвози "Сомон эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд
12:40 24.02.2022 (Навсозишуда: 17:30 24.02.2022) Чанд парвози байналмилалию дохилӣ аз фурудгоҳи Екатеринбург, аз ҷумла парвоз ба пойтахти Тоҷикистон лағв шуд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Парвози рӯзи 24 феврал аз фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд.
Дар ин бора таблиғоти онлайнии терминали фурудгоҳ шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, парвози SZ- 210-и ширкати "Сомон эйр", ки бояд соати 12:10 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешуд, лағв шудааст.
Ҳанӯз эълом нашудааст, ки ҳавопаймои ширкати тоҷикӣ кай метавонад ин парвозро анҷом диҳад.
Рӯзи 24 феврал як парвози дигари ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон аз Колтсово дар назар аст.
Вақти парвоз соати 23:45 ба вақти маҳаллӣ гуфта шудааст.
Дар бораи ин парвоз то ҳол маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Дар таблои таблиғот то ҳол маълумот дар бораи лағв ё таъхири эҳтимолӣ пайдо нашудааст.
Илова бар ин боз чанд парвози дохилии дигар ба шаҳрҳои Сочи, Краснодар ва Уфа лағв шудааст.
Қаблан, субҳи рӯзи панҷшанбе дар се фурудгоҳи Маскав – Внуково, Домодедово ва Шереметево беш аз 200 парвоз ба таъхир афтод ё лағв шуд.
Ёдовар мешавем, ки як қатор фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия рӯзи 24 феврал корро мутаваққиф карданд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ"-ро тақозо дорад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.