Сомонӣ тақвият меёбад: БМ гуфт, арзиши рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон чанд аст

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъор қавитар мекунад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боз коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 141 сомонӣ арзиш дорад.
Дар давоми се рӯзи ахир қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 8 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дошт ва ҳамакнун ба ҳадди ниҳоияш расид.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Арзиши асъори аврупоӣ низ дар ҳоли коҳишёбист.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8165 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12.8232) боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0