https://sputnik.tj/20220224/qallobi-sokini-dushanbe-1046222212.html
Маблағи ҳангуфт гирифту хона нахарид: қаллобии сокини Душанбе
Маблағи ҳангуфт гирифту хона нахарид: қаллобии сокини Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Сокини шаҳри Душанбе, зани 47-соларо фиреб карда маблағи ҳунгуфташро гирифтааст
2022-02-24T16:55+0500
2022-02-24T16:55+0500
2022-02-24T19:24+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040106749_0:139:1920:1219_1920x0_80_0_0_00553dbb37c098db9ade43f66342d3b9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии махсусан калон ошкор шудааст, ки дар паи он зани 47-солае ҷабрдида эълон шудааст.Бино ба гузориши Вазортаи корҳои дохилӣ, аз ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.Ӯ шикоят кардааст, ки 20-уми апрели соли 2021 марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифтааст.Ин мард ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмони ҶДММ "Аюб-2010" хонаи истиқоматие дар масоҳати 51,36-метри мураббаъ ба ӯ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.Манбаъ афзуда, ки дар робита ба ин ҳолати қаллобӣ тафтишот идома дорад.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд.Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст.Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220219/qallobi-pisarcha-hamsoya-dollari-padara-1046048254.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040106749_56:0:1865:1357_1920x0_80_0_0_7412ef99594c951460bfbf1877ef30e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, душанбе
Маблағи ҳангуфт гирифту хона нахарид: қаллобии сокини Душанбе
16:55 24.02.2022 (Навсозишуда: 19:24 24.02.2022) Сокини шаҳри Душанбе, зани 47-соларо фиреб карда, маблағи ҳунгуфташро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии махсусан калон ошкор шудааст, ки дар паи он зани 47-солае ҷабрдида эълон шудааст.
Бино ба гузориши Вазортаи корҳои дохилӣ, аз ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 20-уми апрели соли 2021 марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ин мард ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмони ҶДММ "Аюб-2010" хонаи истиқоматие дар масоҳати 51,36-метри мураббаъ ба ӯ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Манбаъ афзуда, ки дар робита ба ин ҳолати қаллобӣ тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.
Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд.
Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст.
Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.