https://sputnik.tj/20220219/qallobi-pisarcha-hamsoya-dollari-padara-1046048254.html
Қаллобӣ дар Суғд: 40 ҳазор доллари падарро аз писарчааш гирифтааст
Қаллобӣ дар Суғд: 40 ҳазор доллари падарро аз писарчааш гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд ҷавони 27-соларо дар фиреби ҳамсояи ноболиғ ва гирифтани маблағи ҳангуфт аз ӯ муттаҳам мекунанд
2022-02-19T13:12+0500
2022-02-19T13:12+0500
2022-02-21T13:19+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кодекси ҷиноят
парванда
қаллобӣ
маблағ
наврас
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:893:2048:2045_1920x0_80_0_0_e3a7998ce0088b0ab764bcd1f9c54138.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маъмурини милиса сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар он айбдор мекунанд, ки бо роҳи фиреб аз ҳамсояи наврасаш ҳудуди 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, муттаҳам аз моҳи марти соли 2020 то моҳи январи соли 2022 ҳамсояи ноболиғи 15-солаашро моил месозад, ки пулҳои падарашро барои нигоҳдорӣ ба ӯ диҳад. Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ тайи ин муддат ин мард аз наврас 40 ҳазор доллар гирифта, ҳамаи ин маблағро барои эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст. ВУД афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ барои қаллобиеро муқаррар кардааст, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст. Ҷазо дар ин ҳолат ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст. Инчунин маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар гардидааст.
https://sputnik.tj/20220218/rais-sudya-mansabdor-sughd-fasod-1046010476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1e/1032728306_0:701:2048:2237_1920x0_80_0_0_397fbae9b74a4f9bbc5b590e69d03bb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, суғд, пул, калон, ҳамсоя, писарча
қаллобӣ, суғд, пул, калон, ҳамсоя, писарча
Қаллобӣ дар Суғд: 40 ҳазор доллари падарро аз писарчааш гирифтааст
13:12 19.02.2022 (Навсозишуда: 13:19 21.02.2022) Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд ҷавони 27-соларо дар фиреби ҳамсояи ноболиғ ва гирифтани маблағи ҳангуфт аз ӯ муттаҳам мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маъмурини милиса сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар он айбдор мекунанд, ки бо роҳи фиреб аз ҳамсояи наврасаш ҳудуди 40 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, муттаҳам аз моҳи марти соли 2020 то моҳи январи соли 2022 ҳамсояи ноболиғи 15-солаашро моил месозад, ки пулҳои падарашро барои нигоҳдорӣ ба ӯ диҳад.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ тайи ин муддат ин мард аз наврас 40 ҳазор доллар гирифта, ҳамаи ин маблағро барои эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
ВУД афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ барои қаллобиеро муқаррар кардааст, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст.
Ҷазо дар ин ҳолат ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст. Инчунин маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар гардидааст.