Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Боз як ширкати ҳавопаймоии Русия парвоз ба Душанберо оғоз кард

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Nordwind AirlinesСамолет авиакомпании "Nordwind"
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Акнун аз фурудгоҳи "Болшое Савино"-и Перм ба Тоҷикистон парвоз кардани мусофирон имконпазир шуд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои мунтазамашро оғоз мекунад, хабар медиҳад сомонаи ин ширкат.
Ин ширкат Перму Душанберо аз тариқи парвозҳояш ба ҳам мепайвандад. Нахустин парвоз ба пойтахти Тоҷикистон рӯзи 12 феврал анҷом мешавад.
Парвозҳои "Nordwind" Перм – Душанбе ва Душанбе - Перм ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои шанбе сурат мегиранд.
Вақти парвоз аз фурудгоҳи "Болшое Савино" то Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 3 соату 45 дақиқа хоҳад буд. Ҷадвали парвоз то 26 марти соли 2022 барномарезӣ шудааст.
Чиптаҳои ҳавопаймо дар ин самт аллакай дастраси мусофирон мебошанд. Арзиши парвози яктарафа тақрибан 5,4 ҳазор рубл аст.
Хадамоти матбуотии ширкат ёдовар шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус дар Тоҷикистон қоидаҳои изофии убури марз ҷорӣ шудааст.
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Ширкати ҳавопаймоии S7 ба далели ташхиси ПСР надоштани мусофирони тоҷикаш ҷарима шуд
Барои парвоз ба Тоҷикистон аз Русия мусофирон бояд санҷиши ПСР, ки на қабл аз 72 соат шуда бошад, бо худ дошта бошанд. Вуруд ба Русия барои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ танҳо тавассути барномаи "Сайёҳат бидуни COVID-19" имконпазир аст.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи январи соли 2022 арзиши чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 50% боло рафтааст.
Хадамот аз эҳтимоли “дасиса”-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфт
Ҳоло чиптаи парвози Душанбе - Маскав дар муқоиса бо моҳи декабр, ки 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубл) буд, беш аз 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Нархи чиптаҳо ба самти Маскав аз Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб низ боло рафтааст.
Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақозо кардааст, ки қимати парвозҳоро коҳиш ва ҳамчунин изофанависии беасосро шарҳ диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0