Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кремл шартҳои музокироти Путин ва Зеленскийро номбар кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина во Францию
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Кремл баргузории музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро рад накард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин омодааст, ки бо мақомоти Украина бо назардошти чанд шарт музокира кунад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ба хабарнигорон хабар дод.
Муколама дар сурате имконпазир хоҳад шуд, ки Украина барои баррасии масъалаҳои матраҳкардаи ҷониби Русия, аз ҷумла вазъи бетарафӣ омода бошад.
Песков ёдовар шуд, ки қаблан президенти Русия Владимир Путин шартҳоеро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таҳия карда буд.

"Мақоми бетарафӣ маънии рад кардани ҷойгиркунии силоҳро дорад ва ӯ (президент) дар ин бора гуфта буд", - таъкид намуд сухангӯи Путин.

Вай таъкид кард, ки суоли аслӣ ин аст, ки оё мақомоти Украина омодаи иҷро кардани ин шартҳо ҳастанд?
Субҳи рӯзи 24 феврал, раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд."
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Украина бохтро таҳаммул мекунад ва бояд ба Русия имтиёз диҳад
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.
Лентаи хабарҳо
0