Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко: Украина бохтро таҳаммул мекунад ва бояд ба Русия имтиёз диҳад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыступление президента Белоруссии Александра Лукашенко
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус аз мақомоти Украина даъват кард, ки аз мавзеъгириҳои Русия истиқбол кунанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус бар ин назар аст, ки Украина ҳамчун ҷониби мағлубшуда бояд аз мавзеъгириҳои Русия пайравӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.
"Бале, талабот нисбат ба Украина сахттар хоҳанд буд. Аммо агар шумо мағлуб шавед, имрӯз чӣ мешавад,? Албатта, тарафе, ки пирӯз мешавад, ба шумо талаботе пешниҳод мекунад. Аммо биёед, воқеъиятро бигӯем: албатта, онҳо талабе мекунанд, аммо ин беҳтар аз шикасти Украина хоҳад буд", - гуфт раисҷумҳури Беларус дар ҷаласаи фаврӣ бо низомиён.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар бораи амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украина хабар дод.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дархости ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дар Украина: манзилҳоятонро тарк накунед
Дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Русия Владимир Путин гуфт, вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс аз Русия дархости кумак кардаанд".
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарбаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом надодаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, инфрасохтори низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомии артиши Украина бо силоҳи ҳушманд нобуд карда шуданд.
Вазорати дифои Русия итминон дод, ки ба мардуми осоишта ҳеҷ чизе таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0