Аз хатари тармафароӣ то борону барф: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Овчинников / Гузариш ба медиабонкЛавина. Архивное фото
Лавина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Ҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, бар асари гармии ҳаво хатари фаромадани тарма дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 24 фев– Sputnik. Оҷонси ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, тайи рӯзҳои 24 ва 25-уми февралдар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии кишвар хатари тармафароӣ мавҷуд аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тармафароӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят боришот борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф ба амал меояд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм, рӯзона 14-19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо баъзан ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барфро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе бориши борон пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа гарм, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0