Иштироки ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНитки на хлопкоперерабатывающем предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Нитки на хлопкоперерабатывающем предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
15 ширкати ресандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар додааст, ки 24-26 феврал дар шаҳри Истанбул Намоишгоҳи байналмилалии ришта баргузор мешавад, ки дар он 15 ширкати ресандагии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Таъкид шудааст, ки маҳсулоти чор корхонаи ресандагӣ гӯшаи Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ оро медиҳанд, ки инҳо “Ваҳдат текстил” (Ёвон ва Душанбе), “Ресандаи Хатлон” (Кӯшониён), “Стандарт текстил” (Спитамен) ва “ХИМА текстил” (Ёвон) мебошанд.
Инчунин чор корхонаи дигар, “Ноҳид” (Истаравшан), “Органик Ярн” (Ҷаббор Расулов), “Раҳимов А. А.” (Хуҷанд) ва “ТоҷТекс” (Душанбе) дар ҳайати Тоҷикистон ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми зарурӣ, ба монанди риштаи омехта, лавозимот ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ мераванд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия, ки яке аз бозорҳои асосии содиротӣ барои риштаи Тоҷикистон мебошад ва кишварҳои дигар намоиш диҳанд.
Шерали Кабир, министр промышленности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Шералӣ Кабир гуфт, чаро корхонаҳои азими даврони шӯравӣ кор намекунанд
“Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон медиҳанд, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳо кашф кунанд”, - гуфт Суҳроб Бӯйдоқов, намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ҳамроҳӣ мекунад.
Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар минтақа мебошад.
Имсол намоишгоҳ мизбони беш аз 300 иштироккунанда ва зиёда аз 10 000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирди ҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0