https://sputnik.tj/20220202/sherali-kabir-korkhonaho-azimi-davroni-shuravi-kor-namekunand-1045427504.html
Шералӣ Кабир гуфт, чаро корхонаҳои азими даврони шӯравӣ кор намекунанд
Шералӣ Кабир гуфт, чаро корхонаҳои азими даврони шӯравӣ кор намекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноати Тоҷикистон дар гуфту гӯ бо рӯзноманигорон эълон кард, ки дар соли 2021 дар кишвар дар маҷмӯъ 309 корхона ва коргоҳи нав бо 5130 ҷойи корӣ таъсис дода шуд
2022-02-02T18:35+0500
2022-02-02T18:35+0500
2022-02-02T19:01+0500
дар тоҷикистон
саноат
таъсис
коргоҳ
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044831104_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4833a259f1c3a64d94c8244553dfe23f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар маҷмуъ то 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 2386 корхона ба қайд гирифта шудааст.Аз ин шумор 322 корхона ба таври мавсимӣ кор мекунад, 90 корхонаи дигар аз солҳои 90-ум инҷониб умуман фаъолият намекунанд.Шералӣ Кабир қайд кард, ки тибқи Барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё, саноати коркарди алюминий ва истеҳсоли махсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли махсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ бартарӣ дорад.Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон барои иқтидори саноатии худро ду баробар афзоиш додан то соли 2026 имконоти бузург дорад.Вай мисол овард, ки кадом соҳаҳо ин гуна имкониятҳо доранд.“Масалан, ин корро метавон тавассути рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ шуруъ кард. Тоҷикистон 50 дарсади захираи нуқраи ҷаҳонро дорад”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1600 намуди гиёҳи шифобахш мерӯяд, ки метавонанд барои рушди ин соҳаи дорусозӣ кумак намояд.
https://sputnik.tj/20220202/sherali-kabir-tojikiston-rushdi-sanoat-idm-avval-1045420139.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044831104_105:0:1242:853_1920x0_80_0_0_53648ad088c5bb359eb7c9ce3ecc5b70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шералӣ кабир, кохона, таъсис, ҷои кор
тоҷикистон, шералӣ кабир, кохона, таъсис, ҷои кор
Шералӣ Кабир гуфт, чаро корхонаҳои азими даврони шӯравӣ кор намекунанд
18:35 02.02.2022 (Навсозишуда: 19:01 02.02.2022) Вазири саноати Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон эълон кард, ки дар соли 2021 дар кишвар дар маҷмуъ 309 корхона ва коргоҳи нав бо 5130 ҷойи корӣ таъсис шуд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар маҷмуъ то 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 2386 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумор 322 корхона ба таври мавсимӣ кор мекунад, 90 корхонаи дигар аз солҳои 90-ум инҷониб умуман фаъолият намекунанд.
“Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки онҳо аз омори умумӣ хориҷ карда шаванд. Сабаби асосии қатъи фаъолияти ин корхонаҳо барҳамдиҳӣ, муфлисшавӣ, қарзи калони андоз, баҳсҳои молумулкӣ бо бонкҳо, технологияҳои куҳна ва ғайра мебошад”, - гуфт вазири саноат.
Шералӣ Кабир қайд кард, ки тибқи Барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё, саноати коркарди алюминий ва истеҳсоли махсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли махсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ бартарӣ дорад.
Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон барои иқтидори саноатии худро ду баробар афзоиш додан то соли 2026 имконоти бузург дорад.
Вай мисол овард, ки кадом соҳаҳо ин гуна имкониятҳо доранд.
“Масалан, ин корро метавон тавассути рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ шуруъ кард. Тоҷикистон 50 дарсади захираи нуқраи ҷаҳонро дорад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1600 намуди гиёҳи шифобахш мерӯяд, ки метавонанд барои рушди ин соҳаи дорусозӣ кумак намояд.