https://sputnik.tj/20220224/hayat-rusiya-safar-tojikiston-laghv-1046235318.html
Ду узви ҳайати воломақоми Русия сафари худ ба Тоҷикистонро лағв карданд
Ду узви ҳайати воломақоми Русия сафари худ ба Тоҷикистонро лағв карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Русия рӯзҳои 24-25 феврал аз Душанбе дидан мекунад
2022-02-24T19:45+0500
2022-02-24T19:45+0500
2022-02-24T20:33+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035638_0:131:3177:1918_1920x0_80_0_0_d5223119c4048c7d975717f302a1acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифои палатаи болоии Русия Виктор Бондарев сафари худро ба Тоҷикистон лағв карданд. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар парлумон хабар додааст. Қаблан хабар дода шуд, ки онҳо бо ҳайати Шӯрои федератсия ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсия Виктор Бондарев дар Маскав монданд. Ёдовар мешавем, сенаторҳои Русия таҳти раёсати Валентина Матвиенко, раиси палатаи поёнии парлумон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуданд. Сафари корӣ рӯзҳои 24-25 феврал идома хоҳад кард. Ҳайати Русия бо раҳбарияти кишвар мулоқот ва ҳамчунин дар Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин дар барнома боздид аз майдони сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220224/valentina-matvienko-dushanbe-1046226758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035638_223:0:2954:2048_1920x0_80_0_0_564a27911692a4863bee23b32e3502f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, сиёсатмадорон, тоҷикистон
сафар, сиёсатмадорон, тоҷикистон
Ду узви ҳайати воломақоми Русия сафари худ ба Тоҷикистонро лағв карданд
19:45 24.02.2022 (Навсозишуда: 20:33 24.02.2022) Ҳайати Русия рӯзҳои 24-25 феврал аз Душанбе дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифои палатаи болоии Русия Виктор Бондарев сафари худро ба Тоҷикистон лағв карданд.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар парлумон хабар додааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки онҳо бо ҳайати Шӯрои федератсия ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Муовини раиси Шӯрои федератсия Константин Косачев ва раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсия Виктор Бондарев дар Маскав монданд.
Ёдовар мешавем, сенаторҳои Русия таҳти раёсати Валентина Матвиенко, раиси палатаи поёнии парлумон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Сафари корӣ рӯзҳои 24-25 феврал идома хоҳад кард.
Ҳайати Русия бо раҳбарияти кишвар мулоқот ва ҳамчунин дар Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ширкат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар барнома боздид аз майдони сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.