Валентина Матвиенко вориди Душанбе шуд

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Раиси маҷлиси болоии Русия вориди Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко тайи як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе ва сафири Русия дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Валентина Матвиенкоро муовинони ӯ, раисон ва аъзои кумитаҳои Шӯрои федератсия, кормандони масъули Дастгоҳи Шӯрои федератсия, муовини якуми вазири маориф, губернаторони вилоятҳои Самара, Кострома, Челябинск, Курган ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Встреча российских миротворцев ОДКБ на аэродроме Иваново-Северный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Матвиенко: СПАД аъзояшро аз инқилобҳои ранга ҳимоят мекунад
Интизор меравад, ки ҳайати Русия бо раҳбарияти кишвар мулоқот карда, ҳамчунин дар Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия: зарфиятҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ширкат хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар барномаи боздид аз майдони сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0