Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чин дар масъалаи Украина аз Русия ҳимоят кард

© Пресс-служба МИД КНРХуа Чуньин
Хуа Чуньин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Марумии Чин ҷаласае баргузор карда, мавқеашро дар робита ба масъалаи бархӯрди Русия ва Украина рӯшан кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Чин мавқеи худро дар масъалаи Украина баён кардааст ва он "мустақиму бетағйир" аст. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин рӯзи 23 феврал дар брифинги департаменти Чин изҳор дошт.
Ба андешаи вай, баъзе кишварҳо бояд дар бораи он фикр кунанд, ки Иёлоти Муттаҳида созишнома бо Русия дар бораи тавсеаи НАТО ба самти Шарқ то марзҳои Русияро вайрон карда, 5 бор маҷмаъҳои дорои аслиҳаи ҳамлаи стратегӣ насб кардааст.
"Оё онҳо дар бораи оқибатҳои ин амалҳо фикр карда, як давлати бузургро дар бунбаст гузоштаанд?", - суол гузоштааст Хуа Чунин дар брифинг.
Бо вуҷуди ин дар шароити феълӣ дари ҳалли мусолиматомези масъалаи Украина боз аст, таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, Чин ба мавқеи муколамаи пайваста дар ҷиҳати баррасии вазъ барои ҳалли мушкилоти "нуқтаҳои доғ"-и минтақа пойбанд аст. Чин мавқеи худро худаш муайян мекунад ва ба беғаразии объективӣ тарафдори сулҳу адолат мебошад.
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин ҳамчунин қайд кард, як қатор кишварҳое ҳастанд, ки мавқеи Чинро дар масъалаи Украина ҳамчун нақзи принсипи эҳтиром ба истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзӣ маҳкум мекунанд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина во Францию  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл шартҳои музокироти Путин ва Зеленскийро номбар кард
Ба ақидаи вай, ин гуна изҳорот ё бо ангезаҳои пинҳонӣ дикта мешаванд ё мавқеи Чинро дидаву дониста таҳриф мекунанд.
Субҳи рӯзи 24 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Лентаи хабарҳо
0