https://sputnik.tj/20220223/rahmon-jamomadi-tantanavi-quvvahoi-musallah-1046180375.html
Раҳмон: Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштанд
Раҳмон: Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштироку суханронӣ карданд
2022-02-23T11:18+0500
2022-02-23T11:18+0500
2022-02-24T12:06+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҷамъомад
қувваҳои мусаллаҳ
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180743_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_eb69b32cb5d9d812569c44b9b551b186.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тамоми хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хидмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик кард.Раҳмон зимни суханрониаш дар бораи шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар дар замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату мардуми Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтани артиш андешаронӣ кард.Зимни суханрониаш таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.вай афзуд, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои хизмат ва зиндагии сарбозон тамоми шароити моддӣ ва маънавиро таъмин карда истодааст.Раҳмон ёдовар шуд, ки барои хизматчиён даҳҳо адад манзилҳои истиқоматӣ бунёд, маоши вазифавии онҳо баланд бардошта шуда, хизматҳои шоиставу содиқонаи сарбозону афсарон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудаанд.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки артиши миллӣ бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шудааст ва ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.Президенти кишвар зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вобаста ба таҳдиду хатарҳо ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбиро вазифадор кард, ки ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ дошта бошанд.Эмомалӣ Раҳмон баъди суханрониаш дар ҷамъомади идонаи рангину пурмуҳтавои консертӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иштирок кард.
https://sputnik.tj/20220211/hakimzoda-khidmatgurezi-javonon-farzandon-mansabdoron-1045757197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046180743_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_58c3920c4f53bbdeeb37dfbd6105bc90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, ҷамъомад, қуваҳои мусаллаҳ, иштирок
тоҷикистон, раҳмон, ҷамъомад, қуваҳои мусаллаҳ, иштирок
Раҳмон: Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштанд
11:18 23.02.2022 (Навсозишуда: 12:06 24.02.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштироку суханронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тамоми хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хидмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик кард.
Раҳмон зимни суханрониаш дар бораи шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар дар замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату мардуми Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтани артиш андешаронӣ кард.
Зимни суханрониаш таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.
“Ҳукумати Тоҷикистон ва мардум хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифои Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
вай афзуд, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд.
“Артиши миллии бисту нуҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст”, — иброз дошт роҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои хизмат ва зиндагии сарбозон тамоми шароити моддӣ ва маънавиро таъмин карда истодааст.
Раҳмон ёдовар шуд, ки барои хизматчиён даҳҳо адад манзилҳои истиқоматӣ бунёд, маоши вазифавии онҳо баланд бардошта шуда, хизматҳои шоиставу содиқонаи сарбозону афсарон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудаанд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки артиши миллӣ бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шудааст ва ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.
Президенти кишвар зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вобаста ба таҳдиду хатарҳо ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбиро вазифадор кард, ки ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон баъди суханрониаш дар ҷамъомади идонаи рангину пурмуҳтавои консертӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иштирок кард.