Ҳалокати 42 шаҳрванд бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 42 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расида, зарари расида ба иқтисод беш аз 141 миллион сомониро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 359 (213 соли 2020) ҳодиса ва ҳолати фавқулоддаи таббиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 52 ҳолати фавқулодда ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба маблағи 141 миллиону 984 ҳазору 500 сомонӣ зарари молӣ расонидааст.

“Соли 2020 зарари расида 59 миллиону 911 ҳазору 400 сомониро ташкил медод. Соли гузашта зарари расида 2,4 баробар зиёд шудааст”, - гуфт генерал Назарзода.

Вай гуфт, тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, дарсади ҷараёни рӯйдоди ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин мебошад: боришоти борони зиёд ва омадани сел 52%, фаромадани тарма 17%, заминларза 60%, сангрезӣ 5%, ярч 6%, баландшавии оби дарё 4 дарсад, шамоли сахт 4%, боришоти борони зиёд 2%, фуруравии замин 2%.
Ҳамзамон роҳбари КҲФ Тоҷикистон илова кард, ки бар асари офатҳои табиӣ дар соли гузашта 42 даҳрванд ба ҳалокат расидааст.
Фавти шаш нафар ва хисороти 46,2 миллион сомонӣ дар Мастчоҳ: пайомади ҳолатҳои фавқулодда
Ба гуфтаи вай, дар соли 2020 шумори фавтидагон ба маротиб кам буд ва бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 8 нафар ҷон дода буд.
Бар асари офатҳои табиӣ дар маҷмуъ 1274 хона зарар дидаанд, ки аз ин 257 хона пурра, 1017 хона қисман, 346 хона зарари сабук дидаанд.
“Илова бар ин 37 мактаб ва муассисаҳои томактабии кудакон, 5 дармонгоҳ, 322 километр роҳи нақлиёт, 54 купрӯк, 64,2 километр хатҳои интиқоли барқ, 21 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 157 километр хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 3683 ҳектор заминҳои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, 51,9 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, 2275 сар ҳайвон, 7148 сар парранда, 1172 оилаи занбури асал талаф ёфтааст”, - гуфт Рустам Назарзода, раиси КҲФ Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0