https://sputnik.tj/20220223/kohishi-arzishi-rubli-rusi-bozori-arzi-tojikiston-1046179921.html
Идомаи коҳиши арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон
Идомаи коҳиши арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Коҳишёбии арзиши рубли русӣ дар ду рӯзи ахир пас аз эълони истиқлолияти ҷумҳурироҳои Луганск ва Донетск, дар баробари асъори тоҷикӣ идома дорад
2022-02-23T11:50+0500
2022-02-23T11:50+0500
2022-02-24T12:26+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
коҳиш
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боз коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 141 сомонӣ арзиш дорад.Бод гуфт, ки дирӯз барои 100 рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон 144 сомонӣ арзиш дошт. Дар давоми ду рӯз қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 8 сомонӣ коҳиш ёфтаастИн ҳам дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дорад.Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳолати шинокунанда қарор гирифт.Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8232 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12. 8266) боз коҳиш ёфтааст.Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.
https://sputnik.tj/20220222/kohish-qurb-rubl-tojikiston-1046132881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қурби асъор, коҳишёбӣ, рубл
тоҷикистон, қурби асъор, коҳишёбӣ, рубл
Идомаи коҳиши арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон
11:50 23.02.2022 (Навсозишуда: 12:26 24.02.2022) Коҳишёбии арзиши рубли русӣ дар ду рӯзи ахир пас аз эълони истиқлолияти ҷумҳурироҳои Луганск ва Донетск, дар баробари асъори тоҷикӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боз коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 141 сомонӣ арзиш дорад.
Бод гуфт, ки дирӯз барои 100 рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон 144 сомонӣ арзиш дошт. Дар давоми ду рӯз қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 8 сомонӣ коҳиш ёфтааст
Ин ҳам дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дорад.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳолати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8232 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12. 8266) боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.