https://sputnik.tj/20220223/emomali-rahmon-vaziyati-mintaqa-zudtaghyiryobanda-1046185510.html
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти минтақа ва ҷаҳонро зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда хонд
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти минтақа ва ҷаҳонро зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат зимни суханрониаш дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гуфт Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша бояд омодабоши ҷангӣ бошанд
2022-02-23T15:30+0500
2022-02-23T15:30+0500
2022-02-24T14:44+0500
дар тоҷикистон
қувваҳои мусаллаҳ
эмомалӣ раҳмон
вазъият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045850460_0:0:1825:1028_1920x0_80_0_0_f8b3a3c6b8a16ffbdb61eb33c6d4fa8b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар ин маҷлиси тантанавӣ гуфт, вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.Раисҷумҳур гуфт, амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.Роҳбари Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки дар чунин шароит ҳар як хидматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмини амнияти Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошад.Вай инчунин илова кард, ки дар шароити таҳаввулоти имрӯза, дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
https://sputnik.tj/20220223/rahmon-artishi-sokhtor-boetimod-tabdil-yoft---video-1046181277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045850460_0:0:1825:1370_1920x0_80_0_0_228f3cfa7cbdee15d34e73806b32cd6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вазъяит, ҷаҳон, зудтағйирёбанда, қувваҳои мусаллаҳ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, вазъяит, ҷаҳон, зудтағйирёбанда, қувваҳои мусаллаҳ
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти минтақа ва ҷаҳонро зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда хонд
15:30 23.02.2022 (Навсозишуда: 14:44 24.02.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат зимни суханронияш дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гуфт, ин нерӯҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша бояд дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон дар ин маҷлиси тантанавӣ гуфт, вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.
Раисҷумҳур гуфт, амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.
“Мо возеҳан мушоҳида мекунем, ки ноором сохтани вазъият аз ҷониби чунин гурӯҳу равияҳо чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар аз аҳолии осоишта мегардад”, -қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки дар чунин шароит ҳар як хидматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмини амнияти Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошад.
Вай инчунин илова кард, ки дар шароити таҳаввулоти имрӯза, дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.