https://sputnik.tj/20220223/rahmon-artishi-sokhtor-boetimod-tabdil-yoft---video-1046181277.html
Раҳмон: Артиши мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод табдил ёфт - видео
Раҳмон: Артиши мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод табдил ёфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Кохи Ваҳдат раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иштирок ва суханронӣ кард
2022-02-23T12:30+0500
2022-02-23T12:30+0500
2022-02-24T12:44+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қувваҳои мусаллаҳ
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046181191_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_339ea98c8d7b82e6663496e1aa2c1131.jpg
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш нахуст тамоми хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хидмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.Президенти кишвар таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифои Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хидматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 30 соли истиқлоли давлатӣ таъкид карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.Вай афзуд, ки дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо иншооти таъйиноти гуногун сохта шуда, бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шуд.“Дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хидмат ва зиндагии хидматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба маротиб беҳтар гардидааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046181191_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_ade7d7009c1b635d5fc541aaaeb16951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, артиши миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ, сохтор, боэътимод
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, артиши миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ, сохтор, боэътимод
Раҳмон: Артиши мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод табдил ёфт - видео
12:30 23.02.2022 (Навсозишуда: 12:44 24.02.2022) Дар Кохи Ваҳдат раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иштирок ва суханронӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш нахуст тамоми хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хидмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвар таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифои Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хидматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.
“Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хидмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нуҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст”, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 30 соли истиқлоли давлатӣ таъкид карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.
Вай афзуд, ки дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо иншооти таъйиноти гуногун сохта шуда, бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шуд.
“Дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хидмат ва зиндагии хидматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба маротиб беҳтар гардидааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.