https://sputnik.tj/20220222/zokirzoda-avrupo-sharikon-muhim-tajikistan-1046156991.html
Зокирзода Иттиҳоди Аврупоро аз шарикони муҳими Тоҷикистон хонд
Зокирзода Иттиҳоди Аврупоро аз шарикони муҳими Тоҷикистон хонд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд
2022-02-22T16:10+0500
2022-02-22T16:10+0500
2022-02-22T19:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҳмадтоир зокирзода
иттиҳоди аврупо
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_abf6ca46e94d6c0452db22a202a4a9f7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Дэвид Макаллистер, раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, Зокирзода дар мулоқот гуфт, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории созанда бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар мавриди ҳамкории шохаи қонунгузор Зокирзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, дар бахши такмили парламентаризм, таҳия ва такмили қонунҳо бо Иттиҳоди Аврупо равобитро таҳким бахшад. Ӯ аз такмили қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар гуфтааст. Раиси парлумон афзуд, ки тавсеаи муносибот бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар мадди назари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Ӯ инчунин ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар бартараф намудани оқибатҳои вируси COVID-19 сипос гуфта, аз дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бахши об истиқбол намудааст. Раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо сафари ҳайати парлумониро ба Тоҷикистон имкони муҳим барои тақвияти ҳамкориҳо хондааст. Маврид ба зикр аст, ки феълан сафари ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон идома дорад.
https://sputnik.tj/20220126/matvienko-tojikiston-safar-1045173943.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_146:0:965:614_1920x0_80_0_0_371d90910475aeec4309f938496726f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зокирзода, аврупо, шарикон, муҳим, тоҷикистон
зокирзода, аврупо, шарикон, муҳим, тоҷикистон
Зокирзода Иттиҳоди Аврупоро аз шарикони муҳими Тоҷикистон хонд
16:10 22.02.2022 (Навсозишуда: 19:10 22.02.2022) Мақомдорони баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Дэвид Макаллистер, раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, Зокирзода дар мулоқот гуфт, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории созанда бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дар мавриди ҳамкории шохаи қонунгузор Зокирзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, дар бахши такмили парламентаризм, таҳия ва такмили қонунҳо бо Иттиҳоди Аврупо равобитро таҳким бахшад.
Ӯ аз такмили қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар гуфтааст.
Раиси парлумон афзуд, ки тавсеаи муносибот бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар мадди назари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
"Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад", - илова намудааст Зокирзода.
Ӯ инчунин ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар бартараф намудани оқибатҳои вируси COVID-19 сипос гуфта, аз дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бахши об истиқбол намудааст.
Раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо сафари ҳайати парлумониро ба Тоҷикистон имкони муҳим барои тақвияти ҳамкориҳо хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан сафари ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон идома дорад.