https://sputnik.tj/20220126/matvienko-tojikiston-safar-1045173943.html
Матвиенко ба Тоҷикистон меояд: рӯзи сафараш маълум шуд
Матвиенко ба Тоҷикистон меояд: рӯзи сафараш маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафари раиси Шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ иртибот дорад 26.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-26T19:00+0500
2022-01-26T19:00+0500
2022-01-26T19:40+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
валентина матвиенко
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338078_0:290:3072:2018_1920x0_80_0_0_0f1d03b28120a83af9b1542e9e6e10b5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Рӯзи сафари Валентина Матвиенко ба пойтахти Тоҷикистон муайян шудааст. Дар ин бора худи раиси Шӯрои федератсия дар нахустин ҷаласаи иҷлосияи баҳории он хабар дод.Ба гуфтаи вай, сенаторҳо дар иҷлосияи баҳорӣ корҳоро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ идома медиҳанд. Аз ҷумла, баргузории ҳафтумин Анҷумани байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ва нуҳумин Анҷумани минтақаҳои Русия ва Беларус дар назар аст.Қаблан хабар дода шуд, ки Валентина Матвиенко нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 аз Тоҷикистон дидан мекунад. Аммо ба далели вазъи эпидемиологӣ тасмим гирифта шуд, ки кори форум ва сафари Валентина Матвиенкоро ба аввалҳои соли 2022 мавқуф гузоранд.Мулоқоти қаблии раиси порлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко тирамоҳи соли 2020 дар Маскав баргузор шуда буд. Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ раиси Шӯрои федератсияи Русияро ба Тоҷикистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд.Сафари Матвиенко ба Тоҷикистон дар моҳи ноябр лағв шудҚаблан раиси Шӯрои федератсия дар чаҳорчӯби Форуми V байналмилалии "Русия - Тоҷикистон" дар моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон буд. Баъдтар маълум шуд, ки Матвиенко дар охири моҳи феврал бояд ба Тоҷикистон сафар кунад. Тавре дар расонаҳо қайд карда шуд, агар нақшаҳо тағйир наёбанд, охири моҳи феврал вай ба Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ меравад, ки дар он ҷаласаи комиссия баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20211227/matvienko-tojikiston-meoyad-1044436320.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338078_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_db7691e06234d22d3f0c92fff167ace8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , валентина матвиенко, дар русия
дар тоҷикистон, сиёсат , валентина матвиенко, дар русия
Матвиенко ба Тоҷикистон меояд: рӯзи сафараш маълум шуд
19:00 26.01.2022 (Навсозишуда: 19:40 26.01.2022) Сафари раиси Шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ иртибот дорад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Рӯзи сафари Валентина Матвиенко ба пойтахти Тоҷикистон муайян шудааст. Дар ин бора худи раиси Шӯрои федератсия дар нахустин ҷаласаи иҷлосияи баҳории он хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сенаторҳо дар иҷлосияи баҳорӣ корҳоро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ идома медиҳанд. Аз ҷумла, баргузории ҳафтумин Анҷумани байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ва нуҳумин Анҷумани минтақаҳои Русия ва Беларус дар назар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Валентина Матвиенко нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 аз Тоҷикистон дидан мекунад. Аммо ба далели вазъи эпидемиологӣ тасмим гирифта шуд, ки кори форум ва сафари Валентина Матвиенкоро ба аввалҳои соли 2022 мавқуф гузоранд.
Мулоқоти қаблии раиси порлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко тирамоҳи соли 2020 дар Маскав баргузор шуда буд.
Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ раиси Шӯрои федератсияи Русияро ба Тоҷикистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд.
Қаблан раиси Шӯрои федератсия дар чаҳорчӯби Форуми V байналмилалии "Русия - Тоҷикистон" дар моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон буд.
Баъдтар маълум шуд, ки Матвиенко дар охири моҳи феврал бояд ба Тоҷикистон сафар кунад. Тавре дар расонаҳо қайд карда шуд, агар нақшаҳо тағйир наёбанд, охири моҳи феврал вай ба Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ меравад, ки дар он ҷаласаи комиссия баргузор мешавад.