https://sputnik.tj/20220222/uzv-parlumon-noib-nav-rustami-emomali-1046164747.html
Узви парлумон ноиби нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд: муаллим Одилзода кист?
Узви парлумон ноиби нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд: муаллим Одилзода кист?
Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгори собиқадор ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид
2022-02-22T17:55+0500
2022-02-22T17:55+0500
2022-02-22T20:31+0500
дар тоҷикистон
душанбе
шаҳрдорӣ
таъйинот
раис
муовин
дилбар одилзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046164667_0:0:2955:1662_1920x0_80_0_0_2447559e5a67aeaa08a12a3a855a0707.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дилбар Одилзода аз мақоми мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барканору ба вазифаи муовини нави Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидааст.Одилзода, ки ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад, дар курсии ноиби шаҳрдорӣ Мавсума Муиниро иваз намуд. Муинӣ ахиран шаҳрдори Бӯстон таъйин гардид. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки дар сомонаи Маҷлиси миллӣ нашр шудааст, Одилзода 49-сола, зодаи Кӯлоб ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин шаҳр мебошад. Ӯ фаъолияташро соли 1994 ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар мақомҳои роҳбарии макотибу кӯдакистонҳо фаъолият кардааст. Одилзода аз соли 2011 то 2017 роҳбарии идораи маориф дар навоҳии Шоҳмансур ва Синоро ба уҳда доштаст. Солҳои 2017-2018, ӯ ноиби аввали мудири Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд. Аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол мудирии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.
https://sputnik.tj/20220221/prezident-barkanori-imomzoda-shohin-saidzoda-1046107737.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046164667_35:0:2766:2048_1920x0_80_0_0_f39ae66859b1b1f19368cef383b6f18e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муаллим, омӯзгор, ноиб, навтаъйин, рустами эмомалӣ
муаллим, омӯзгор, ноиб, навтаъйин, рустами эмомалӣ
Узви парлумон ноиби нави Рустами Эмомалӣ таъйин шуд: муаллим Одилзода кист?
17:55 22.02.2022 (Навсозишуда: 20:31 22.02.2022) Омӯзгори собиқадор ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дилбар Одилзода аз мақоми мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барканору ба вазифаи муовини нави Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидааст.
Одилзода, ки ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад, дар курсии ноиби шаҳрдорӣ Мавсума Муиниро иваз намуд. Муинӣ ахиран шаҳрдори Бӯстон таъйин гардид.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, ки дар сомонаи Маҷлиси миллӣ нашр шудааст, Одилзода 49-сола, зодаи Кӯлоб ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин шаҳр мебошад.
Ӯ фаъолияташро соли 1994 ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28-и шаҳри Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар мақомҳои роҳбарии макотибу кӯдакистонҳо фаъолият кардааст.
Одилзода аз соли 2011 то 2017 роҳбарии идораи маориф дар навоҳии Шоҳмансур ва Синоро ба уҳда доштаст. Солҳои 2017-2018, ӯ ноиби аввали мудири Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буд. Аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол мудирии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.