Дар Суғд гирифторӣ ва фавт аз бемории СПИД коҳиш ёфт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкАнализ крови, архивное фото
Анализ крови, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Агар соли 2020 дар ин вилоят 90 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, соли гузашта ҳамагӣ 58 ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Теъдоди гирифторони бемории СПИД ва ВНМО дар вилояти Суғд рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Дар ин бора Раёсатии тандурустии ин вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, соли 2021 дар минтақаи шимолии Тоҷикистон 228 нафар аз сокинон гирифтори бемории ВНМО ва СПИД шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2020 шумораи гирифторон панҷ нафар кам шудааст.
Тибқи омор, ҳоло дар Маркази вилоятии мубориза бо СПИД 3228 нафар аз мубталоён ба ин беморӣ сабти ном шудаанд.

"Теъдоди фавти шахсони гирифтори ВНМО низ коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2020 90 фавт ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2021 аз ин беморӣ 58 нафар аз сокинони вилояти Суғд фавтиданд", - омадааст дар хабари Раёсати тандурустӣ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расмии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар соли 2021 дар байни ҷавонон 47 ҳолати нави сирояти ВНМО/СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2020 12 нафар афзоиш ёфтааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Коҳиши фавту таваллуд дар вилояти Суғд: Чанд буду чӣ қадар кам шуд
Миёни шаҳру навоҳии вилоят бештар дар шаҳри Хуҷанд гирифтории ҷавонон ба ин беморӣ сабт шудааст. Дар соли 2020 дар маркази маъмурии вилояти Суғд 3 ҳолати нав ва дар соли 2021 7 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0