Коҳиши фавту таваллуд дар вилояти Суғд: Чанд буду чӣ қадар кам шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
САҲШ омори таваллуд ва фавтро дар манотиқи шимолии Тоҷикистон тайи соли 2021 эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд соли сипаришуда 56 064 навзод таваллуд шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2020 камтар аст.
Тибқи хабарномае, ки ба дасти Sputnik Тоҷикистон расид, дар вилояти Суғд аз лиҳози таваллуд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешсаф аст. Дар ин ноҳия тайи соли гузашта 7 893 кӯдак ба дунё омадааст.
Ноҳияи мазкур аз лиҳози фавт низ пешсаф буда, дар як соли сипаришуда 1989 нафар бо сабабҳои гуногун ҷон аз даст додаанд. Ногуфта намонад, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сераҳолитарин ноҳияи вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Зимнан мизони таваллуд дар ноҳияҳое чун Панҷакент, Истаравшан, Исфара низ зиёд буда, дар як соли гузашта 6 488 нафар дар Панҷакент, 6278 кӯдак дар Истарафшан ва 4 242 дар Исфара ба дунё омадааст. Аммо дар муқоиса ба соли 2020 таваллуд дар ин шаҳру ноҳияҳо низ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Минтақае, ки камтарин таваллуд дар он ҷо сабт шудааст, ин шаҳри Истиқлол буда, ки ҳамагӣ 204 нафар навзод он ҷо таваллуд шудааст.
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Фавту таваллуд кам, аммо талоқ зиёд шудааст: омори соли 2021
Шаҳри Хуҷанд агар аз лиҳози таваллуд миёни дигар навоҳию шаҳрҳои Суғд дар ҷойи шашум қарор дорад, вале аз ҳисоби фавт пас аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меистад. Дар Хуҷанд давоми як соли гузашта 1487 нафар фавтидаанд. Эҳтимол ин нишондод шояд аз ҳисоби маризии коронавирус зиёд шуда бошад.
Камтарин ҳолати фавт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (74) сабт гардидааст.
Ин ниҳод қайд намудааст, ки соли 2021 дар вилояти Суғд ҷамъан 13 285 нафар фавтидаанд. Соли 2020 бошад, ин нишондод ба 13 932 нафар баробар буд.
Қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон омори таваллуд ва фавт дар қаламрави ҷумҳуриро эълон карда буд. Ба иттилои Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, дар соли гузашта 218 ҳазору 206 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ин омор соли 2020 муодили 239 ҳазор нафар буд.
Ҳолатҳои фавт низ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, соли 2021 ба 39 123 маврид баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ҳудуди 41 ҳазору 693 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда буд. Фавт дар соли 2021 ба 1176 маврид баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0