Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қазоқистон ваксинаи "Спутник М" барои наврасонро тасдиқ кард

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкМедицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Қазоқистон аввалин кишваре шуд, ки ваксинаи зидди коронавируси Русияро барои наврасон тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон тасмим гирифт, ки истифодаи ваксинаи зидди коронавируси русии "Спутник М" барои наврасони 12-17-соларо иҷозат диҳад.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба дафтари матбуотии Хазинаи сармоягузории мустақими Русия хабар медиҳад.

"Ҳамин тариқ Қазоқистон аввалин давлати хориҷӣ шуд, ки истифодаи "Спутник М"-ро тасдиқ кард", — гуфта мешавад дар гузориш.

Хазинаи сармоягузории мустақими Русия ёдовар шуд, ки бар хилофи доруҳои як қатор истеҳсолкунандагони хориҷӣ, ки ваксинаи калонсолонро барои наврасон низ истифода мекунанд, "Спутник М" махсус барои наврасон мутобиқ карда шудааст.
Вазорати тандурустии Қазоқистон ин хабарро тасдиқ ва қайд кардааст, ки шаҳодатномаи сабти ном барои ҳашт моҳ дода шудааст.

"19 феврали соли 2022 Кумитаи назорати тиббӣ ва фарматсевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон барои доруи Gam-COVID-Vak-M ба муҳлати ҳашт моҳ шаҳодатномаи сабти номи муваққатӣ дод", - гуфтанд дар вазорат.

Вазорати тандурустии Русия 24 ноябри соли 2021 аввалин ваксинаи русиро барои наврасони 12-17-сола Гам-Ковид-Вак М ба қайд гирифт ("Спутник М"). "Спутник М" як доруи дукомпоненти шабеҳи ваксинаи Спутник V мебошад.
Молоко и молочные продукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Шир нӯшед": Олимони ӯзбек роҳи нави мубориза бо COVID-ро пешниҳод карданд
Ягона фарқи байни "Спутник М" ва "Спутник V" дар консентратсияи зарраҳои аденовирусӣ мебошад, ки онҳо дар дувумӣ панҷ баробар кам карда мешаванд.
Вазорати тандурустии Федератсияи Русия "Спутник V"-ро дар асоси озмоишҳои клиникӣ 24 ноябри соли 2021 ба қайд гирифт, ки профили баланди бехатарӣ ва иммуногении "Спутник V" дар байни наврасонро тасдиқ кард.
Дар рафти тадқиқот иштирокчиён ягон ҳодисаи ҷиддии манфии марбут ба эмкунӣ бо "Спутник V"-ро ба қайд нагирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0