https://sputnik.tj/20220222/olimon-uzbek-roh-nav-covid-1046157626.html
"Шир нӯшед": Олимони ӯзбек роҳи нави мубориза бо COVID-ро пешниҳод карданд
"Шир нӯшед": Олимони ӯзбек роҳи нави мубориза бо COVID-ро пешниҳод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пажӯҳишгарон аз Узбакистон гуфтанд, ки ҳоло говҳои "сеҳрнок" шир медиҳанд. Тафсилот дар мавод аст.
2022-02-22T16:25+0500
2022-02-22T16:25+0500
2022-02-22T19:14+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ӯзбекистон
омикрон
осиёи марказӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045839557_0:320:3071:2047_1920x0_80_0_0_728828ca444739d2a191566e76d272ef.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Олимони Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз коронавирус шири ғайриоддӣ офаридаанд. Шири дорои антитела алайҳи COVID-19 аз гову бузҳое, ки бо ваксинаи чинӣ-ӯзбекии ZF-UZ-VAC2001 эм шудаанд, гирифта шудааст.Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба мақолае, ки дар портали электронии мақолаҳои илмӣ ва дар соҳаи биология ҷойгир шудааст, хабар медиҳад. Муҳаққиқон мушоҳида кардаанд, заноне, ки аз COVID-19 ваксина шудаанд ё шифо ёфтаанд, дар шири синаашон антитела бар зидди SARS-CoV-2 доранд. Олимон ҳадс задаанд, шири буз ва гови ваксинашуда бар зидди COVID-19 метавонад барои эмкунии аҳолӣ истифода шавад. Ҳамин тавр, олимон таҷриба гузарониданд: буз ва говҳоро бо ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 зидди коронавирус эм карданд. Ва дар натиҷа шир дорои антителаҳои безараргардонандаи зидди SARS-CoV-2 ҳосил шудааст. Дар рафти озмоиш ҳайвонҳо се вояи ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 гирифтанд. Пас аз ду ҳафтаи аввал, антитела ба коронавирус ошкор карда шудааст. Таҷрибаҳо дар ҳуҷайра нишон доданд, ки антителаҳо SARS-CoV-2-ро бомуваффақият безарар мекунанд: дар хун, самаранокӣ ба 100%, дар шир ба 40% расид. "Натиҷаҳои аввалини озмоишҳои таҷрибавӣ нишон доданд, ки ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 метавонад барои эм кардани ҳайвоноти хонагӣ бо мақсади ба даст овардани шири аз ҷиҳати иммунобиологӣ фаъол ва дорои антителаҳои мушаххаси безараргардонии зидди SARS-CoV-2 бехатар истифода шавад", - хулоса карданд муаллифон. Арзёбии Гинсбург аз ваксинаҳои димоғӣ: Ҳич асари манфие надорандБа гуфтаи олимон, шири ҳосилшударо барои эмкунии оммавии пассивии аҳолӣ истифода бурдан мумкин аст. Консепсия ва натиҷаҳои тадқиқот барои гирифтани патент ба Агентии моликияти зеҳнии назди Вазорати адлияи Ӯзбекистон пешниҳод карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220218/8-alomati-omikron-vaksinashuda-1046010266.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045839557_131:0:2860:2047_1920x0_80_0_0_d499a35f65cef49d841a169e93c331d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳи нав, мубориза, covid
роҳи нав, мубориза, covid
"Шир нӯшед": Олимони ӯзбек роҳи нави мубориза бо COVID-ро пешниҳод карданд
16:25 22.02.2022 (Навсозишуда: 19:14 22.02.2022) Пажуҳишгарон аз Ӯзбекистон гуфтанд, ҳоло говҳои "сеҳрнок" шир медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Олимони Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз коронавирус шири ғайриоддӣ офаридаанд. Шири дорои антитела алайҳи COVID-19 аз гову бузҳое, ки бо ваксинаи чинӣ-ӯзбекии ZF-UZ-VAC2001 эм шудаанд, гирифта шудааст.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба мақолае, ки дар портали электронии мақолаҳои илмӣ ва дар соҳаи биология ҷойгир шудааст, хабар медиҳад.
Муҳаққиқон мушоҳида кардаанд, заноне, ки аз COVID-19 ваксина шудаанд ё шифо ёфтаанд, дар шири синаашон антитела бар зидди SARS-CoV-2 доранд. Олимон ҳадс задаанд, шири буз ва гови ваксинашуда бар зидди COVID-19 метавонад барои эмкунии аҳолӣ истифода шавад.
Ҳамин тавр, олимон таҷриба гузарониданд: буз ва говҳоро бо ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 зидди коронавирус эм карданд. Ва дар натиҷа шир дорои антителаҳои безараргардонандаи зидди SARS-CoV-2 ҳосил шудааст.
Дар рафти озмоиш ҳайвонҳо се вояи ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 гирифтанд. Пас аз ду ҳафтаи аввал, антитела ба коронавирус ошкор карда шудааст. Таҷрибаҳо дар ҳуҷайра нишон доданд, ки антителаҳо SARS-CoV-2-ро бомуваффақият безарар мекунанд: дар хун, самаранокӣ ба 100%, дар шир ба 40% расид.
"Натиҷаҳои аввалини озмоишҳои таҷрибавӣ нишон доданд, ки ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 метавонад барои эм кардани ҳайвоноти хонагӣ бо мақсади ба даст овардани шири аз ҷиҳати иммунобиологӣ фаъол ва дорои антителаҳои мушаххаси безараргардонии зидди SARS-CoV-2 бехатар истифода шавад", - хулоса карданд муаллифон.
Ба гуфтаи олимон, шири ҳосилшударо барои эмкунии оммавии пассивии аҳолӣ истифода бурдан мумкин аст.
Консепсия ва натиҷаҳои тадқиқот барои гирифтани патент ба Агентии моликияти зеҳнии назди Вазорати адлияи Ӯзбекистон пешниҳод карда шудааст.