Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Моҳи март парвози нав миёни Тоҷикистону Русия роҳандозӣ мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПрилет самолета S7 Airlines, архивное фото
Прилет самолета S7 Airlines, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Павози нав миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Барнаули Русия ҳар рӯзи чаҳоршанбе сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Интизор меравад, аз 30 марти соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия хатсайри нави парвоз роҳандозӣ шавад.
Ба иттилои сомонаи "Алтайская правда", хатсайри ҷадид миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Барнаули Русия ифтитоҳ мешавад.
Манбаъ меафзояд, парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" анҷом хоҳад дод.

"Парвоз ҳафтае як бор, рӯзҳои чоршанбе бо ҳавопаймои "Airbus A320" сурат мегирад", - омадааст дар хабар.

Ҳамин тариқ парвоз аз Тоҷикистон соати 7:00 сурат гирифта, соати 11:50 дақиқа ҳавопаймо дар фурудгоҳи Барнаул фуруд меояд. Зимнан соати 15:50 ҳавопаймо боз ба Тоҷикистон парвоз хоҳад кард.
Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Боз як кишвари дигар марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард
Муддати парвоз аз Барнаул ба Хуҷанд 4 соату 40 дақиқа гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, хоҳишмандони парвоз аз Барнаул ба Хуҷанд имкон доранд, аз сомонаи Фурудгоҳи байналмиллалии ба номи Герман Титови Барнаул ва инчунин аз тамоми хазинаи фурӯши чиптаҳо, ки дар минтақаи Олтой мавҷуданд, билет дастрас намоянд.
Лентаи хабарҳо
0