https://sputnik.tj/20220216/marzho-shahrvandon-tojikiston-boz-1045917736.html
Боз як кишвари дигар марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард
Боз як кишвари дигар марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ҳавопаймоҳо метавонанд боз ба як кишвари дигар сафар кунанд
2022-02-16T11:50+0500
2022-02-16T11:50+0500
2022-02-16T16:33+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
парвоз
марз
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_0:164:2344:1483_1920x0_80_0_0_04b6b9496bb7cded8f26533de09d1196.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Озарбойҷон ба шаҳрвандони 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон иҷозати вуруд додааст. Дар ин бора дар сомонаи Девони Вазирони ин ҷумҳурӣ хабар дода шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ин қарор аз сӯйи сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов ба имзо расидааст.Тибқи қарори мазкур, Озарбойҷон ҳарими ҳавоияшро барои шаҳрвандони Албания, Ҷумҳурии Доминикан, Филиппин, Гурҷистон, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон ва Колумбия боз мекунад.Шаҳрвандони Молдова, Ӯзбекистон, Покистон, Перу, Тоҷикистон, Таиланд, Тунис, Туркманистон ва Венесуэла низ ин иҷозатро аз Ҳукумати Озарбойҷон дарёфт кардаанд.Қобили зикр аст, ки тибқи қарори мазкур, ба Озарбойҷон метавон танҳо тавассути ҳавопаймо ворид шуд.Инчунин мусофирон бояд як қатор санадҳоро таҳия кунданд, то тавонанд вориди хоки ин кишвар шаванд. Аз ҷумла онҳо бояд бо худ шаҳодатномаи моякӯбӣ ё пурра ё шифо ёфтан аз коронавирус дошта бошанд. Ҳамчунин натиҷаи манфии ПСР-тест низ лозим аст, ки дар давоми 72 соат ахир дода шудааст.Чунин талабот танҳо ба мусофирони аз 18-сола боло дахл дорад. Шаҳрвандони то 18-сола бояд ПСР-тест манфӣ дошта бошанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ният дорад, парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ монад.Дар Душанбе санадҳо барои ташкили парвозҳои мустақим ба Украина омода шудаанд. Қарор аст, парвоз аз Душанбе ба Киев ва баръак сурат гирад.Кишвари дуюм ин Литва мебошад, ки Тоҷикистон мехоҳад бо он парвозҳои доимӣ барқарор кунад.
https://sputnik.tj/20220203/shirkat-rusiya-parvoz-dushanbe-1045465661.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_62:0:2146:1563_1920x0_80_0_0_4b651713933e3518eca98668c8b76767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, марз, шаҳрвандон, ҳавопаймо, сафар
тоҷикистон, озарбойҷон, марз, шаҳрвандон, ҳавопаймо, сафар
Боз як кишвари дигар марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард
11:50 16.02.2022 (Навсозишуда: 16:33 16.02.2022) Шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи ҳавопаймоҳо метавонанд боз ба як кишвари дигар сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Озарбойҷон ба шаҳрвандони 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон иҷозати вуруд додааст. Дар ин бора дар сомонаи Девони Вазирони ин ҷумҳурӣ хабар дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин қарор аз сӯйи сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов ба имзо расидааст.
Тибқи қарори мазкур, Озарбойҷон ҳарими ҳавоияшро барои шаҳрвандони Албания, Ҷумҳурии Доминикан, Филиппин, Гурҷистон, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон ва Колумбия боз мекунад.
Шаҳрвандони Молдова, Ӯзбекистон, Покистон, Перу, Тоҷикистон, Таиланд, Тунис, Туркманистон ва Венесуэла низ ин иҷозатро аз Ҳукумати Озарбойҷон дарёфт кардаанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори мазкур, ба Озарбойҷон метавон танҳо тавассути ҳавопаймо ворид шуд.
Инчунин мусофирон бояд як қатор санадҳоро таҳия кунданд, то тавонанд вориди хоки ин кишвар шаванд. Аз ҷумла онҳо бояд бо худ шаҳодатномаи моякӯбӣ ё пурра ё шифо ёфтан аз коронавирус дошта бошанд. Ҳамчунин натиҷаи манфии ПСР-тест низ лозим аст, ки дар давоми 72 соат ахир дода шудааст.
Чунин талабот танҳо ба мусофирони аз 18-сола боло дахл дорад. Шаҳрвандони то 18-сола бояд ПСР-тест манфӣ дошта бошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2022 ният дорад, парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ монад.
Дар Душанбе санадҳо барои ташкили парвозҳои мустақим ба Украина омода шудаанд. Қарор аст, парвоз аз Душанбе ба Киев ва баръак сурат гирад.
Кишвари дуюм ин Литва мебошад, ки Тоҷикистон мехоҳад бо он парвозҳои доимӣ барқарор кунад.