Маъмултарин ихтисос миёни донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия гуфта шуд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкМедицинский университет им. И.М. Сеченова
Медицинский университет им. И.М. Сеченова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Сол то сол шумораи бештари талабагон мехоҳанд, ки донишгоҳҳои Русияро хатм намоянд: онҳо бештар кадом касбро интихоб мекунанд?
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Аксари донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия мехоҳанд дар умури тиб таҳсил кунанд. Дар ин бора маълумоти "Россотрудничество" ишора мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2021-2022 қариб 20% шаҳрвандони хориҷӣ хоҳиши аз худ кардани касби табибиро дар Федератсияи Русия доштаанд. Аксари онҳо дар риштаи тибби клиникӣ дохил шуданд.
Илова бар ин донишҷӯёни хориҷӣ аксари вақт ихтисоси "иқтисод ва менеҷментро интихоб мекунанд. 13% хориҷиён мехостанд дар ин бахш мутахассис шаванд.
Камтаре аз ҷавонони хориҷи ҳамчун мутахассиси компютер таҳсил мекунанд. Бахши информатика ва технологияи компютериро 7%-и довталабон интихоб кардаанд.
Ба омӯзиши сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дар байни хориҷиён дар Русия талабот кам аст. Ин бахшҳоро 5%-и донишҷӯён интихоб мекунанд.
Студенты в аудитории МПГУ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Русия квотаҳои таҳсилро барои донишҷӯёни хориҷӣ афзоиш дод
"Россотрудничество" таъкид кардааст, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия ҳамасола афзоиш меёбад.
Дар ин кишвар барои қабули осон ба мактабҳои олӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки имкони ба таври фосилавӣ супоридани ҳуҷҷатҳо яке аз онҳост.
Илова бар ин "Россотрудничество" як системаи махсуси иттилоотиро таҳия кардааст, ки интихоби донишгоҳ, ширкат дар озмун ва гирифтани даъватномаро осону зудтар мекунад.
Қаблан маълум шуд, ки Русия квотаи таҳсил дар донишгоҳҳоро барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд мекунад. Дар соли 2022 23 ҳазор нафар метавонанд дар муассисаҳои олии Русия таҳсил кунанд. Ҳамин тариқ квота дар оянда то 30 000 зиёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0