Русия квотаҳои таҳсилро барои донишҷӯёни хориҷӣ афзоиш дод

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСтуденты в аудитории МПГУ, архивное фото
Студенты в аудитории МПГУ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Квота барои хориҷиён дар донишгоҳҳои Русия то соли 2023 ба 30 000 ҷой афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Русия квотаи таҳсил дар донишгоҳҳоро барои шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия хабар додааст.
Ҳамин тариқ дар соли 2022 23 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ метавонанд дар муассисаҳои олии Русия таҳсил кунанд. Ва баъдан бар ин квота 30 000 ҷой афзуда хоҳад шуд.

"Теъдоди ҷойҳое, ки аз рӯи квотаи Ҳукумати Русия барои таҳсил ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо карда мешаванд, дар соли 2022 ба 5 ҳазор ҷой зиёд шуда, 23 ҳазор ва дар соли 2023 30 ҳазор ҷойро ташкил хоҳад дод", - омадааст дар хабарнома.

Раёсат афзуд, ки дар соли 2021 квотаи солона барои донишҷӯёни хориҷӣ аз 18 ҳазор ҷой зиёд набуд.
Хадамоти матбуот мегӯяд, танҳо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия имсол барои қабули камаш 4000 донишҷӯи хориҷӣ омодагӣ мегирад.
Ба гуфтаи ректори ин донишгоҳ Олег Ястребов, бештари донишҷӯён аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таҳсил аз тариқи квотаҳои ҳукумати Русия таваҷҷуҳ доранд.
Аз кишварҳои хориҷи дур бештари дархостҳо аз Афғонистон, Чин, Ветнам, Сурия, Эрон, Ироқ ва Нигерия ворид мешаванд.
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Пизишкони тоҷик ба Русия мекӯчанд: сабаб
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов, Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи М.Е.Бауман, Донишгоҳи федералии Қазон ва як қатор донишгоҳҳои дигар таҳсил мекунанд, низ меафзояд.
Қаблан хабар дода шуд, ки теъдоди ҷойҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи федералӣ барои Тоҷикистон 120 адад афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ донишҷӯёни Тоҷикистон дар солҳои 2022-2023 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия 750 квота доранд ва ҷумҳурӣ аз рӯи миқдори квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия маъмулан дар панҷгонаи беҳтарин байни кишварҳои ҷаҳон боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Ҳоло дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0