https://sputnik.tj/20220222/le-firago-zaf-avrupo-rusiya-jkhd-jkhl-etirof-1046147071.html
"Le Firago": Заъфи Аврупо Русияро маҷбур кард, ки ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф кунад
"Le Firago": Заъфи Аврупо Русияро маҷбур кард, ки ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф кунад
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони рӯзномаи машҳури фаронсавии "Le Firago" дар мавриди эътироф шудани ҶХД ва ҶХЛ аз суи Маскав фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд
2022-02-22T14:05+0500
2022-02-22T14:05+0500
2023-10-02T17:09+0500
сиёсат
рӯзнома
фаронса
дар ҷаҳон
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046141200_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_8fb3eafe0177803755aea5db3785e31e.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фаронсавиҳо карори Русияро дар бораи ба расмият шинохтани истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ дастгирӣ карданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони Le Figaro шаҳодат медиҳанд.Ба гуфтаи онҳо, барои тезутунд шудани вазъият ИМА ва Аврупо масъуланд. Фаронсавиҳо иқрор шуданд, ки амалиёти НАТО барои Маскав роҳи дигаре боқӣ намонд.Дуюмӣ пай бурд, ки майдан барои Донбасс фалокат аст. Аксари мардум ба далели Қонун дар бораи қабули забони украинӣ ба унвони ягона забони расмӣ "аз ҷомеа хориҷ шуданд". "Онҳо мухторият дархост карданд, вале бо тир ба онҳо ҷавоб доданд", - илова намуд хонандаи дигари ин рӯзнома.Шореҳон қайд карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба марзи Русия наздик шуда, ҳадафашон он аст, ки Аврупои заифро зери назорат нигоҳ дорад ва газро дар он ҷо таъмин кунад. "Путин танҳо як дархост дошт, ки Украинаро ба ҳоли худ гузоранд. Амрикоиҳо ҳоло даст молида истодаанд, аммо мо медонем, ки ин гуна иғвоҳо одатан чӣ гуна анҷом меёбанд", - навиштааст хонандаи дигаре рӯзнома.Ба қавли ӯ, Ғарб дидаю дониста "саҳнаи ҳаҷвӣ" бозид, то сарварони худро шод кунад.НАТО қасдан аз ҳузури худ даст накашид ва ҳамзамон ваъда ҳам надод, ки Украинаро ба сафи худ қабул намекунад.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шудааст. Киев қисми зиёди артишро дар хатти даргириҳо мутамаркиз карда, пайваста нерӯҳои мусаллаҳро тирборон ва аз таҷҳизоти низомии мамнуъ истифода мекунад. Қурбониёни муқовимат мардуми осоишта мебошанд. Бинобар хавфи ҳуҷуми Украина ба ҶХД ва ҶХЛ сокинони ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави Русия кӯчонида шуданд.
https://sputnik.tj/20220222/putin-mushakho-amriko-ukraina-maskav-1046138517.html
фаронса
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046141200_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_0daf8c0ed80ea42dcf92fe707e739d97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина русия рӯзномаи фаронсавӣ
украина русия рӯзномаи фаронсавӣ
"Le Firago": Заъфи Аврупо Русияро маҷбур кард, ки ҶХД ва ҶХЛ-ро эътироф кунад
14:05 22.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Хонандагони рӯзномаи машҳури фаронсавии "Le Firago" дар мавриди эътироф шудани ҶХД ва ҶХЛ аз сӯйи Маскав фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фаронсавиҳо карори Русияро дар бораи ба расмият шинохтани истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ дастгирӣ карданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони Le Figaro шаҳодат медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, барои тезутунд шудани вазъият ИМА ва Аврупо масъуланд. Фаронсавиҳо иқрор шуданд, ки амалиёти НАТО барои Маскав роҳи дигаре боқӣ намонд.
"Ваҳшонияти Амрико ва беқувватии Аврупо ба ин натиҷа оварда расонд", - гуфтааст яке аз шореҳон.
Дуюмӣ пай бурд, ки майдан барои Донбасс фалокат аст. Аксари мардум ба далели Қонун дар бораи қабули забони украинӣ ба унвони ягона забони расмӣ "аз ҷомеа хориҷ шуданд".
"Онҳо мухторият дархост карданд, вале бо тир ба онҳо ҷавоб доданд", - илова намуд хонандаи дигари ин рӯзнома.
Шореҳон қайд карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба марзи Русия наздик шуда, ҳадафашон он аст, ки Аврупои заифро зери назорат нигоҳ дорад ва газро дар он ҷо таъмин кунад.
"Путин танҳо як дархост дошт, ки Украинаро ба ҳоли худ гузоранд. Амрикоиҳо ҳоло даст молида истодаанд, аммо мо медонем, ки ин гуна иғвоҳо одатан чӣ гуна анҷом меёбанд", - навиштааст хонандаи дигаре рӯзнома.
Ба қавли ӯ, Ғарб дидаю дониста "саҳнаи ҳаҷвӣ" бозид, то сарварони худро шод кунад.
НАТО қасдан аз ҳузури худ даст накашид ва ҳамзамон ваъда ҳам надод, ки Украинаро ба сафи худ қабул намекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шудааст. Киев қисми зиёди артишро дар хатти даргириҳо мутамаркиз карда, пайваста нерӯҳои мусаллаҳро тирборон ва аз таҷҳизоти низомии мамнуъ истифода мекунад.
Қурбониёни муқовимат мардуми осоишта мебошанд. Бинобар хавфи ҳуҷуми Украина ба ҶХД ва ҶХЛ сокинони ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави Русия кӯчонида шуданд.