https://sputnik.tj/20220222/putin-mushakho-amriko-ukraina-maskav-1046138517.html
Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд
Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Русия гуфт, вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори "Томагавк" камтар аз 35 дақиқа, барои мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва барои силоҳи зарбаи гиперсадоӣ 4-5 дақиқа хоҳад буд
2022-02-22T11:50+0500
2022-02-22T11:50+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
амрико
мушак
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_0:92:2508:1503_1920x0_80_0_0_5669a53c46db9ec0ecf16939da4708c1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Агар мушакҳои Амрико дар Украина ҷойгир шаванд, пас аз чор дақиқа имкони ба Маскав расидани онҳо мавҷуд аст.Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз фурудгоҳҳои Украина дар наздикии марзи Русия ҷойгир шудаанд. "Ҳавопаймоҳои тактикии НАТО, ки дар ин ҷо ҷойгир шудаанд, аз ҷумла интиқолдиҳандагони аслиҳаи дақиқ метавонанд ба қаламрави мо то умқи хатти Волгоград - Қазон - Самара - Астрахан зарба зананд. Ҷойгир кардани радарҳои истихборотӣ дар қаламрави Украина ба НАТО имкон медиҳад, то Урал ҳарими ҳавоии Русияро назорат кунад", - тавзеҳ дод Путин. Вай қайд кард, баъд аз он ки ИМА шартномаи қувваҳои ҳастаии миёнапарвозро вайрон кард, Пентагон аллакай ошкоро як қатор яроқи зарбазани заминӣ, аз ҷумла мушакҳои баллистикиро, ки дар масофаи то 5,5 ҳазор километр ба ҳадаф мерасанд, тайёр карда истодаанд.Ӯ гуфт, агар ин гуна системаҳо дар Украина ҷойгир шаванд, онҳо метавонанд ба объектҳои қаламрави аврупоии Русия ва инчунин берун аз Урал зарба зананд. Ёдовар мешавем, Владимир Путин, кишвардори Русия дар паёмаш ба мардум эълом карда буд, ки ин кишвар истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.
https://sputnik.tj/20220221/turov-siloh-hastai-ukraina-fojia-jahon-1046119619.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046126069_192:0:2316:1593_1920x0_80_0_0_bd329e05adb5fd7cc3f90c0959e41276.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина мушак
Путин дар бораи хатари мушакҳои Амрико дар Украина: То 4 дақиқа ба Маскав мерасанд
11:50 22.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Роҳбари Русия гуфт, вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори "Томагавк" камтар аз 35 дақиқа, барои мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва барои силоҳи зарбаи мофавқуссадо 4-5 дақиқа хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Агар мушакҳои Амрико дар Украина ҷойгир шаванд, пас аз чор дақиқа имкони ба Маскав расидани онҳо мавҷуд аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз фурудгоҳҳои Украина дар наздикии марзи Русия ҷойгир шудаанд.
"Ҳавопаймоҳои тактикии НАТО, ки дар ин ҷо ҷойгир шудаанд, аз ҷумла интиқолдиҳандагони аслиҳаи дақиқ метавонанд ба қаламрави мо то умқи хатти Волгоград - Қазон - Самара - Астрахан зарба зананд. Ҷойгир кардани радарҳои истихборотӣ дар қаламрави Украина ба НАТО имкон медиҳад, то Урал ҳарими ҳавоии Русияро назорат кунад", - тавзеҳ дод Путин.
Вай қайд кард, баъд аз он ки ИМА шартномаи қувваҳои ҳастаии миёнапарвозро вайрон кард, Пентагон аллакай ошкоро як қатор яроқи зарбазани заминӣ, аз ҷумла мушакҳои баллистикиро, ки дар масофаи то 5,5 ҳазор километр ба ҳадаф мерасанд, тайёр карда истодаанд.
Ӯ гуфт, агар ин гуна системаҳо дар Украина ҷойгир шаванд, онҳо метавонанд ба объектҳои қаламрави аврупоии Русия ва инчунин берун аз Урал зарба зананд.
"Вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори "Томагавк" камтар аз 35 дақиқа, мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва яроқи зарбазани гиперсадоӣ 4-5 дақиқа аст. Инро бевосита "корд ба гулӯ" меноманд", - бо нигаронӣ афзуд Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, кишвардори Русия дар паёмаш ба мардум эълом карда буд, ки ин кишвар истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.