https://sputnik.tj/20220222/khimki-cherevchenkoro-kor-ozod-1046168025.html
"Химки" мутахассиси зодаи Тоҷикистон Черевченкоро бори дуюм аз кор озод кард
"Химки" мутахассиси зодаи Тоҷикистон Черевченкоро бори дуюм аз кор озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ сармураббӣ ва роҳбарияти даста шартномаро бекор карданд, аммо сабаби аслии дигарбора рафтани дастпарванри футболи тоҷик аз тим равшан нест
2022-02-22T18:30+0500
2022-02-22T18:30+0500
2022-02-22T20:39+0500
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар русия
игор черевченко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/03/1032385277_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_46b3d72c68dc5cfd636bbd77a95a24a8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Бошгоҳи "Химки"-и вилояти Маскав дар бораи қатъи шартнома бо сармураббии ин даста Игор Черевченко хабар дод. Дар ин бора тим дар сомонааш гузориш додааст.Қайд карда мешавад, ки Черевченко бо ҳайаташ бошгоҳро тарк хоҳад кард. Черевченко дар пайи барканорӣ ба ҳамкорон, инчунин ба роҳбари тим барои кордонӣ ва ғайратмандияшон миннатдорӣ баён кардааст. Ёдовар мешавем, ки Черевченко аз сентябри соли 2020 дар "Химки" кор мекард. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар 33 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, дар мавсими гузашта дар Лигаи баратари Русия, дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.25 октябри соли 2021 маълум шуд, ки Черевченко "Химки"-ро тарк кард, вале камтар аз як моҳ пас ба вазифаи худ баргашт.Черевченко 47 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула низ фаъолият кардааст.
https://sputnik.tj/20220220/futbolboz-tojik-akademiya-real-madrid-1046060576.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/03/1032385277_217:0:2948:2048_1920x0_80_0_0_2f3f9c9a4485076515dcb692b8a9ba64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"химки" мутахассис тоҷикистон черевченко кор озод
"химки" мутахассис тоҷикистон черевченко кор озод
"Химки" мутахассиси зодаи Тоҷикистон Черевченкоро бори дуюм аз кор озод кард
18:30 22.02.2022 (Навсозишуда: 20:39 22.02.2022) Сармураббии собиқ ва роҳбарияти даста шартномаро бекор карданд, аммо сабаби аслии дигарбора рафтани дастпарвари футболи тоҷик аз ин тим рӯшан нест
ДУШАНБЕ, 22 фев— Sputnik. Бошгоҳи "Химки"-и вилояти Маскав дар бораи қатъи шартнома бо сармураббии ин даста Игор Черевченко хабар дод. Дар ин бора тим дар сомонааш гузориш додааст.
Қайд карда мешавад, ки Черевченко бо ҳайаташ бошгоҳро тарк хоҳад кард.
Черевченко дар пайи барканорӣ ба ҳамкорон, инчунин ба роҳбари тим барои кордонӣ ва ғайратмандияшон миннатдорӣ баён кардааст.
"Мо дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ хуб кор кардем, аммо аз ин ба баъд бо даста мутахассиси дигар кор мекунад. Ба тим дар оянда муваффақият орзу мекунам!",- гуфт Черевченко.
Ёдовар мешавем, ки Черевченко аз сентябри соли 2020 дар "Химки" кор мекард. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар 33 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, дар мавсими гузашта дар Лигаи баратари Русия, дар ҷои ҳаштум қарор гирифт.
25 октябри соли 2021 маълум шуд, ки Черевченко "Химки"-ро тарк кард, вале камтар аз як моҳ пас ба вазифаи худ баргашт.
Черевченко 47 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула низ фаъолият кардааст.