Футболбози тоҷик ба Академияи "Реал Мадрид" пайваст

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото
Футбол. Кубок конфедераций-2017, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Зафар Баҳруллозода аллакай давоми чанд рӯз дар Академияи футболи "Реал" таҳсил ва тамрин мекунад
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Зафар Баҳруллозода, футболбози навраси тоҷик ба Академияи футболи дастаи "Реал Мадрид", ки дар шаҳри Бекободи Ӯзбекистон қарор дорад, гузариш анҷом дод.
Дар ин бора сомонаи "Фараж" бо истинод ба падари ин футболбоз хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин дарвозабони навраси тоҷик дастпарвари мактаби футболи шаҳри Ҳисор ва Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар низ майдондорӣ кардааст.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Зафар Баҳруллозода вақтҳои охир дар Академияи футболи ФФТ тамрин мекард ва чанд рӯз қабл барои идомаи машқу тамрини худ ба Академияи футболи "Реал Мадрид" рафт.
Маврид ба зикр аст, Академияи футболи "Реал Мадрид" дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2021 ба фаъолият шуруъ карда буд. Академияи мазкур футболбозони лаёқатманду боистеъдодро пас аз гузаштан аз санҷиши маҳорат ба шогирдӣ қабул мекунад.
Санҷишро дар академия мутахассисони испанӣ роҳбарӣ мекунанд.
Дарвозабони навраси тоҷик аз ин санҷиш гузашт ва тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар Академия футболи “Реал” таҳсилу тамрин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0