Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Гурҷистон аз дипломатҳояш дар Киев хост, хонаводаашонро берун баранд

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Обуна шудан
Гурҷистон ба кормандони сафораташ дар Украина тавсия додаст, аъзои оилаашонро аз ин кишвар берун кунанд
ДУШАНБЕ, 22 фев– Sputnik. Вазорати умури хориҷии Гурҷистон мегӯяд, тавсияи "берун шудан" ба дипломатҳо дар Киев дахл надорад.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки кори сафорати Гурҷистон дар Украина мутаваққиф намешавад ва танҳо тавсия дода шудааст, ки дипломатҳо дар сурати хоҳишашон метавонанд аъзои оилаи худро берун баранд, навиштааст РИА "Новости".
"Роҳбар ва кормандони намояндагии дипломатӣ дар Украина мемонанд. Танҳо ба дипломатҳо тавсия шуд, хонаводаашонро берун баранд, агар хоҳиш дошта бошанд", - изҳор доштааст ВУХ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ бархе кишварҳо барои хориҷ шудани шаҳрвандонашон аз Украина маслиҳат дода буданд.
Нагорный Карабах. Российские миротворцы обеспечивают безопасность движения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амният дар Донетск ва Луганскро артиши Русия таъмин мекунад
Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Олмон қатъан ба шаҳрвандонаш тавсия дода буд, ки Украинаро тарк кунанд, Вазорати умури хориҷии Австрия низ ба истиснои чанд вилоят ҳузури шаҳрвандонашро дар минтақаҳои дигари Украина хатарзо хонд.
ВУХ Авустрия ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, аз сафар ба Украина, ба ғайр аз вилоятҳои Лвов, моварои Карпат, Ивано-Франковск ва Черновствои ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомдорони Луганск ва Донетск аз ташаннуҷи вазъ хабар медиҳанд. Дар пайи ин ахиран Русия мустақилияти ин минтақаҳоро ба ҳайси давлати алоҳида эътироф кард.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздик ба 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд. Русия ахиран мустақилияти Донетск ва Луганскро ба сифати давлати алоҳида эътироф кард.
Лентаи хабарҳо
0