https://sputnik.tj/20220222/amniyat-donetsk-lugansk-artish-1046144816.html
Амният дар Донетск ва Луганскро артиши Русия таъмин мекунад
Амният дар Донетск ва Луганскро артиши Русия таъмин мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск ба кумаки низомӣ барои таъмини суботу тартибот ниёз доранд
2022-02-22T13:40+0500
2022-02-22T13:40+0500
2022-02-24T15:56+0500
дар русия
донетск
луганск
артиш
амният ва мудофиа
фармон
владимир путин
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032302863_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_8bd7b5e894f8bc1ce50a14b5f323509d.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фармони президенти Русия дар мавриди эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск масоили марбути амниятро низ танзим мекунад. Дар фармони раисҷумҳури Русия дар баробари масоили дигар дастури таъмини субот дар Луганск ва Донетск таъйид шудаст. Бар асоси матни ҳуҷҷат барои амнияту субот аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд. Дастур дода шудааст, ки дар робита ба муроҷиати роҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск қувваҳои мусаллаҳи Русия суботро таъмин созанд. Владимир Путин инчунин Вазорати умури хориҷии Русияро муваззаф кардаст, ки бо ҷумҳуриҳои зикршуда муносиботи дипломатиро барқарор намоянд. Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ба ҳайси давлатҳои мустақил аз ҷониби Русия шаби 21 ба 22 феврал имзо шуданд. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220222/qodirov-gharb-tahrim-tahdid-dusti-1046136165.html
донетск
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/13/1032302863_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f45ac9a21451dbabacded1c6f83a67c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, донетск, луганск, артиш, русия
амният, донетск, луганск, артиш, русия
Амният дар Донетск ва Луганскро артиши Русия таъмин мекунад
13:40 22.02.2022 (Навсозишуда: 15:56 24.02.2022) Ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск ба кумаки низомӣ барои таъмини суботу тартибот ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Фармони президенти Русия дар мавриди эътирофи ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск масоили марбути амниятро низ танзим мекунад.
Дар фармони раисҷумҳури Русия дар баробари масоили дигар дастури таъмини субот дар Луганск ва Донетск таъйид шудаст. Бар асоси матни ҳуҷҷат барои амнияту субот аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.
Дастур дода шудааст, ки дар робита ба муроҷиати роҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск қувваҳои мусаллаҳи Русия суботро таъмин созанд.
Владимир Путин инчунин Вазорати умури хориҷии Русияро муваззаф кардаст, ки бо ҷумҳуриҳои зикршуда муносиботи дипломатиро барқарор намоянд.
Фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ба ҳайси давлатҳои мустақил аз ҷониби Русия шаби 21 ба 22 феврал имзо шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
Президенти Русия изҳори бовар намуд, ки эътирофи мустақилияти Донетску Луганск аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ хоҳад ёфт.