https://sputnik.tj/20220222/amniyat-iqtisod-rahmon-vakiloi-avrupo-1046167166.html
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард
2022-02-22T18:09+0500
2022-02-22T18:09+0500
2022-02-22T20:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иттиҳоди аврупо
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046165931_0:157:2047:1308_1920x0_80_0_0_e2886b2b989abb5ff76fad343a06f88a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Дэвид Макаллистер густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони аврупоӣ изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад. Президенти Тоҷикистон аз ҷараёни тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳанг ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақаӣ изҳори қаноатмандӣ кардаст. Дар мулоқот аз саҳми назарраси комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар тақвияти ҳамкорӣ тавсиф шудааст. Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар давраи авҷи пандемия изҳори сипос кардааст. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақаӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур. Таъкид шудааст, ки тарафҳо шарикиро дар чорчӯби барномаҳои гуногун ва ҳамчунин дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220222/zokirzoda-avrupo-sharikon-muhim-tajikistan-1046156991.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046165931_234:0:2047:1360_1920x0_80_0_0_348a597419e672a8cace5215e48241c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, вакилон, аврупоӣ, баррасӣ
раҳмон, вакилон, аврупоӣ, баррасӣ
Аз амният то иқтисод: Раҳмон бо вакилони аврупоӣ чиро баррасӣ кард?
18:09 22.02.2022 (Навсозишуда: 20:36 22.02.2022) Ҳайати баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Дэвид Макаллистер густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони аврупоӣ изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи хоса дорад.
Президенти Тоҷикистон аз ҷараёни тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳанг ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақаӣ изҳори қаноатмандӣ кардаст.
Дар мулоқот аз саҳми назарраси комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар тақвияти ҳамкорӣ тавсиф шудааст.
Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар давраи авҷи пандемия изҳори сипос кардааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақаӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Таъкид шудааст, ки тарафҳо шарикиро дар чорчӯби барномаҳои гуногун ва ҳамчунин дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ идома медиҳанд.