https://sputnik.tj/20220222/20-hazor-nafar-donbass-rusiya-1046144035.html
Беш аз 20 ҳазор нафар аз Донбасс ба Русия интиқол ёфтанд
Беш аз 20 ҳазор нафар аз Донбасс ба Русия интиқол ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар як рӯз беш аз 20 000 эвакуатсияшуда аз Донбасс марзи Русияро убур карданд
2022-02-22T13:10+0500
2022-02-22T13:10+0500
2022-02-24T15:53+0500
амният ва мудофиа
донбасс
украина
луганск
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087025_0:262:3072:1990_1920x0_80_0_0_3b5b51bc0d61d6648e7ce7ebad67342b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Беш аз 20 ҳазор нафар шабонарӯзи гузашта аз Донбасс ба Русия интиқол дода шуданд.Дар ин бора Раёсати сарҳадии ФСБ Русия дар вилояти Ростов хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки сокинони Донбасс сарҳади давлатии Русияро дар вилояти Ростов убур кардаанд.Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз интиқоли муваққатии шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовуз аз Украина хабар дода буданд. Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд. Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе, пас аз ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони Русия муроҷиат карда гуфт, зарур мешуморад, қарор дар бораи эътирофи фаврии соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ қабул карда шавад, зеро онҳое, ки аз тариқи хунрезӣ, зӯроварӣ ва беҳуқуқӣ масъаларо ҳал карданиянд, роҳи ҳалли дигари низоъ дар Донбассро ба ғайр аз роҳи ҳарбӣ намешинохтанд ва намешиносанд. Қазоқистон мавқеяшро дар робита ба Украина, ҶМЛ ва ҶМД баён кардБаъд аз муроҷиат президент дар Кремл дарҳол қарорҳои ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ-ро имзо кард.
https://sputnik.tj/20220222/putin-mushakho-amriko-ukraina-maskav-1046138517.html
донбасс
украина
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046087025_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_cd28514a5ac9d2ba57be1499aaacf912.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тахлия, шаҳрвандон, донбасс
тахлия, шаҳрвандон, донбасс
Беш аз 20 ҳазор нафар аз Донбасс ба Русия интиқол ёфтанд
13:10 22.02.2022 (Навсозишуда: 15:53 24.02.2022) Дар як шабонарӯз беш аз 20 000 сокинони Донбасс марзи Русияро убур карданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Беш аз 20 ҳазор нафар шабонарӯзи гузашта аз Донбасс ба Русия интиқол дода шуданд.
Дар ин бора Раёсати сарҳадии ФСБ Русия дар вилояти Ростов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сокинони Донбасс сарҳади давлатии Русияро дар вилояти Ростов убур кардаанд.
"Шуъбаи сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Ростов иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта беш аз 20 000 шаҳрванд аз қаламрави ҷумҳуриҳои Донбасс тавассути гузаргоҳҳо марзро убур кардаанд", — омадааст дар гузориш.
Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз интиқоли муваққатии шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди таҷовуз аз Украина хабар дода буданд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе, пас аз ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони Русия муроҷиат карда гуфт, зарур мешуморад, қарор дар бораи эътирофи фаврии соҳибихтиёрии ҶМД ва ҶМЛ қабул карда шавад, зеро онҳое, ки аз тариқи хунрезӣ, зӯроварӣ ва беҳуқуқӣ масъаларо ҳал карданиянд, роҳи ҳалли дигари низоъ дар Донбассро ба ғайр аз роҳи ҳарбӣ намешинохтанд ва намешиносанд.
Баъд аз муроҷиат президент дар Кремл дарҳол қарорҳои ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ-ро имзо кард.