Юлдуз Усмонова аз сарояндагони Ӯзбекистон интиқод кард - видео

© Instagram / yulduzusmonovamusicЮлдуз Усманова
Юлдуз Усманова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Юлдуз Усмонова мегӯяд, санъаткорони ҷавони ӯзбек танҳо дар бораи пироҳанҳои навашон мегӯянд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова вазъи шоу-бизнеси кишварашро танқид кард.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон иенависад.
Ситораи санъати ӯзбек иқрор шуд, ки дар байни ҳамкорони худ рақиберо намебинад.
"Ҳамаи ҳунармандон як ният доранд: пул кор кардан дар маъракаю тӯй. Чаро онҳо дар телевизион баромад мекунанд ва мегӯянд, либосеро, ки як бор ба бар кардаанд, дигар намепӯшанд?" — суол кардааст Юлдуз.
Гуфта мешавад, ки феълан Юлдуз Усмонова ба консерти калони худ омодагӣ мебинад.
Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
"Намехондам шеъратро, касе намедонист": интиқоди шадиди Юлдуз аз шоире, ки ӯро ба суд дод
Примадонна навореро аз машқҳо нашр кард ва нишон дод, ки чӣ гуна ӯ дар иҳотаи дастаи мусиқӣ суруд мехонад.
Интизор меравад, ки ин санъаткор моҳи март бо барномаи калони консертие ба истиқболи мухлисонаш дар саҳна барояд.
Баъди кашмакашҳои судӣ ва ҷаримаи ҳангуфт Усмонова боз суруди "ҷанҷолӣ"-ро хонд - видео
Бори охир Юлдуз Усмонова баҳори соли 2021 бо консертҳое мухлисонро шод карда буд.
Лентаи хабарҳо
0