"Намехондам шеъратро, касе намедонист": интиқоди шадиди Юлдуз аз шоире, ки ӯро ба суд дод

© Sputnik / Рамиз БахтияровПевица Юлдуз Усманова
Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Сарояндаи ӯзбекистонӣ изҳороти расмӣ дода, аз шоире, ки ӯро ба додгоҳ кашидааст, шадидан интиқод кардааст
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар бораи муноқиша бо шоир Юлчӣ Рӯзиев изҳори назар кард.
Ситора мавқеи тунд гирифтааст. Усмонова бовар дорад, ки шунавандагон дар бораи муаллифон ва шеърҳо маҳз ба шарофати иҷрокунандагон маълумот мегиранд.

"Мардум тавассути таронаҳои мо шеърро меомӯзад. Мо, санъаткорон онҳоро дар дили мардум ҷой медиҳем. Агар шеърро касе надонад, чӣ фоида? Суруди "Xasta bo’lma"-ро барои наздиконам хондам. Ҳоло миллионер мешудам, агар болои ҳар касе, ки таронаҳои маро мехонад, ба додгоҳ шикоят мебурдам”, - гуфт ҳунарманд.

Усмонова иқрор шуд, ки қариб дар ҳар як тарона камаш чаҳор ҷумла илова мекунад, аз ин рӯ ӯро метавон ҳаммуаллиф номид.
Ӯ афзуд, аз ин ба баъд ӯ ҳам худро ҳамчун муаллифи тарона, тавре ки замони ҳозир талаб мекунад, қайд мекунад.

Муноқишаи Юлдуз бо шоир сари суруди "Xasta bo’lma"

Моҷаро аз он сабаб сар зад, ки Усмонова шеъри Юлчӣ Рӯзиев ""Xasta bo’lma""-ро сурудааст. Ӯ ин шеърро ҳанӯз соли 2016 навишта буд. Дар баробари ин сароянда ҳаққи муаллифро пардохт накардааст.
Сипас шоир Усмоноваро ба додгоҳ кашид ва 29 октябри соли 2021 муҳокимаи бози ин парванда баргузор шуд.
Додгоҳи ноҳиявии Мирзо Улуғбек овозхонро ба пардохти 185 миллион сӯм барои нақзи ҳуқуқи муаллиф муваззаф кард. Аммо Усмонова шикоят бурд. Дирӯз додгоҳ дар ин маврид қарори нав содир кард.
Концерт Юлдуз Усмановой в амфитеатре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Суруди баҳсбарангези Юлдуз аз саҳна бардошта мешавад - тафсилот
Акнун Юлдуз бояд ба Рӯзиев 50 миллион сӯм пардохт кунад. Ин ҷуброни зарари маънавӣ ва 500 БРД (135 миллион сӯм)-и дигар товони зарар гуфта мешавад.
Суруди "Xasta bo'lma" аллакай аз ҳамаи платформаҳо ҳазф шудааст. Тарона аз "YouTube", шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамоми платформаҳои мусиқии рақамӣ гирифта шудааст.
Нашри трек дар телевизион ва радио низ қатъ шуд. Намояндагони ситора эълон карданд, ки таронаи “Xasta bo'lma” ба зудӣ ба тарзи нав садо хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол бисёре аз ҳамкорони сароянда дар шоу-бизнес ба ҳимояти Усмонов бархостаанд.
Лентаи хабарҳо
0