Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

ҲЛДР тафсилоти бемории Жириновскийро ошкор кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкВстреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции
Встреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Намояндагони ин ҳизб аз аҳволи Владимир Жириновский хабар доданд
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский мубориза бо коронавирусро идома медиҳад.
Дар ин бора намояндаи ҲЛДР дар суҳбат бо РИА "Новости" хабар дод. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати оҷонсӣ, ин ҳизб иттилои манобеи номаълум дар бораи вазъи Жириновскийро рад мекунад.

"Владимир Волфович Жириновский тадриҷан, бешубҳа, шифо меёбад", - гуфт манбаъ.

Қаблан дар интернет маълумоте пайдо шуда буд, ки бар пояи он, санҷиши раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский аз COVID-19 манфӣ гуфта мешуд, аммо вазъи ӯ то ҳол вазнин аст.
Ҳамчунин манобеъи гуногун дар интернет гузориш додаанд, ки сиёсатмадор мубталои отити дуҷониба шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби ташдиди бемории Жириновский сари вақт ба духтурон муроҷиат накарданаш будааст.
Дополнительное пленарное заседание Госдумы РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард
Дар робита ба вазъи Жириновский коршиносони соҳаи тандурустӣ сухан гуфтанд. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ пас аз беморӣ, ҳатто дар сенарияи мусоидтарин ҳам барқароршавии тӯлонӣ хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бемории коронавирус Жириновский рӯзи 2 феврал ба яке аз клиникаҳои Маскав интиқол ёфт.
Ҳамон замон дар расонаҳо маълумоте пайдо шуд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад ва гирифтори илтиҳоби шуши дутарафа аст. Гуфта мешуд, ки аз 30 то 75%-и шуши сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст.
Дар ҳолати вазнин: ташхиси ноумедкунандаи Жириновский маълум шуд
Маълумот дар бораи вазъи вахими Жириновский ва пайваст кардани ӯ ба дастгоҳи нафасдиҳӣ дар канали "112" нашр шуда буд. Табибон назорати сиёсатмадорро идома медиҳанд ва ҳоло дар бораи мураххас шудани ӯ ҳарф задан барвақт аст.
Дар навбати худ ҲЛДР даъват кард, ки мардум ба овозаҳо дар бораи марги Жириновский бовар накунанд. Аз номи ҳизб муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури тандурустӣ Сергей Леонов ба сухан баромада, аз вазъи муътадили сиёсатмадор хабар дод.
Ҳизби либерал-демократии Русия: Ба овозаҳои дурӯғи марги Жириновский бовар накунед
Ба гуфтаи ӯ, Жириновский раҳбарии ин ҳизбро идома медиҳад ва ба зудӣ метавонад дар назди мардум суханронӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0