https://sputnik.tj/20220221/putin-makron-shab-takroran-suhbat-1046093800.html
Путину Макрон шабона такроран суҳбат карданд
Путину Макрон шабона такроран суҳбат карданд
Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии такрории роҳбарони Фаронса ва Русия беш аз як соат идома ёфт
2022-02-21T13:45+0500
2022-02-21T13:45+0500
2022-02-21T19:40+0500
дар русия
эммануэл макрон
владимир путин
суҳбат
телефон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/82/1029438232_0:0:2961:1666_1920x0_80_0_0_fd7b49b0171d370ae211ce6eb6ef6294.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон боз суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия иттилоъ дод, ки суҳбат бо хоҳиши ҷониби Фаронса ними шаб баргузор гардид. Президентҳо инчунин рӯзи якшанбеи 20 феврал низ гуфтугӯ доштанд. Ба гуфтаи Песков, роҳбарон махсусан ба зарурати муколама аз тариқи вазоратҳои умури хориҷӣ таъкид намудаанд. Ин дар ҳолест, ки Путину Макрон рӯзи якшанбе низ наздики 2 соат суҳбат доштанд, навиштаанд расонаҳои фаронсавӣ. Тавофуқ шудааст, ки мулоқоти сеҷонибаи гурӯҳи корӣ дар мавриди Украина дар Қасри Елисей баргузор гардад. Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздики 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ мекунад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220220/peskov-rusiya-kalimai-jang-zabon-orand-1046073552.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/82/1029438232_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_9ce4c7b6b2036038d8bc25402d059809.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефон, путин, макрон, кремл
суҳбат, телефон, путин, макрон, кремл
Путину Макрон шабона такроран суҳбат карданд
13:45 21.02.2022 (Навсозишуда: 19:40 21.02.2022) Суҳбати телефонии такрории роҳбарони Фаронса ва Русия беш аз як соат идома ёфт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон боз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия иттилоъ дод, ки суҳбат бо хоҳиши ҷониби Фаронса ними шаб баргузор гардид. Президентҳо инчунин рӯзи якшанбеи 20 феврал низ гуфтугӯ доштанд.
"Шаби гузашта, тақрибан соати 1:00 бо ташаббуси Макрон суҳбати телефонии дуюм сурат гирифт. Президентҳо музокирот атрофи Украинаро идома доданд", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли намояндаи Кремл.
Ба гуфтаи Песков, роҳбарон махсусан ба зарурати муколама аз тариқи вазоратҳои умури хориҷӣ таъкид намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Путину Макрон рӯзи якшанбе низ наздики 2 соат суҳбат доштанд, навиштаанд расонаҳои фаронсавӣ. Тавофуқ шудааст, ки мулоқоти сеҷонибаи гурӯҳи корӣ дар мавриди Украина дар Қасри Елисей баргузор гардад.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина наздики 8 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ мекунад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.