https://sputnik.tj/20220220/peskov-rusiya-kalimai-jang-zabon-orand-1046073552.html
Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд
Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Кохи Кремлин ба иттиҳомоти Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина посух дод
2022-02-20T19:10+0500
2022-02-20T19:10+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
ҷанг
ғарб
посух
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042807211_0:185:3005:1875_1920x0_80_0_0_e01b5695d88daa8e3bc1ee69b77e6eaf.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо рӯзноманигори шабакаи “Россия 1” гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кишваре аввал ҳамла накардааст ва илова кард, ки пас аз даргириҳои зиёд дар ин кишвар онҳо ҳатто намехоҳанд, калимаи "ҷанг"-ро ба забон оранд.“Ёдрас мешавем, Русия дар тӯли таърихи худ ҳеҷ гоҳ ба касе ҳамла накардааст. Русия, ки ҷангҳои зиёдеро паси сар кардааст, охирин кишваре дар Аврупо аст, ки ҳатто намехоҳад калимаи "ҷанг"-ро ба забон орад," - гуфт Дмитрий Песков дар посух ба иттиҳоми Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина.Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфта буд, раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои изтирорӣ Александр Чуприян дастур додааст, ки ба таври фаврӣ ба вилояти Ростов парвоз кунад, то паноҳандагонеро, ки аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) меоянд, ҷойгир кунанд.Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз кӯчонидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар ба таҳдиди Киев хабар дода буданд.Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолонро ба минтақаи амн мекӯчонанд.Тавре раиси ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр хоҳад дод, ки ба Донбасс ҳамла сурат гирад.Феълан дар вилояти Ростов урдӯгоҳҳо барои қабули гурезагон аз Донбассу Луганск созмон дода шудаанд.Зикр гардид, ки 24 минтақа изҳори омодагӣ намудаанд, ки гурезагонро аз ин ду ҷумҳурӣ қабул мекунанд.
https://sputnik.tj/20220220/vaziyat-donbass-ghayrinizomi-lugans-kushta-1046069390.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042807211_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f06e521faa3ad434df478adc36579ea1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сухангӯи раисҷумҳури русия, кремл, ҷанг, ғарб, украина
русия, сухангӯи раисҷумҳури русия, кремл, ҷанг, ғарб, украина
Песков: Дар Русия намехоҳад ҳатто калимаи “ҷанг”-ро ба забон оранд
19:10 20.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Сухангӯи Кохи Кремлин ба иттиҳомоти Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина посух дод
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар суҳбат бо рӯзноманигори шабакаи “Россия 1” гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кишваре аввал ҳамла накардааст ва илова кард, ки пас аз даргириҳои зиёд дар ин кишвар онҳо ҳатто намехоҳанд, калимаи "ҷанг"-ро ба забон оранд.
“Ёдрас мешавем, Русия дар тӯли таърихи худ ҳеҷ гоҳ ба касе ҳамла накардааст. Русия, ки ҷангҳои зиёдеро паси сар кардааст, охирин кишваре дар Аврупо аст, ки ҳатто намехоҳад калимаи "ҷанг"-ро ба забон орад," - гуфт Дмитрий Песков дар посух ба иттиҳоми Ғарб дар бораи оғози ҷанг дар Украина.
Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфта буд, раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба иҷрокунандаи вазифаи вазири ҳолатҳои изтирорӣ Александр Чуприян дастур додааст, ки ба таври фаврӣ ба вилояти Ростов парвоз кунад, то паноҳандагонеро, ки аз ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) меоянд, ҷойгир кунанд.
Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз кӯчонидани шаҳрвандонашон ба вилояти Ростов бинобар ба таҳдиди Киев хабар дода буданд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолонро ба минтақаи амн мекӯчонанд.
Тавре раиси ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр хоҳад дод, ки ба Донбасс ҳамла сурат гирад.
Феълан дар вилояти Ростов урдӯгоҳҳо барои қабули гурезагон аз Донбассу Луганск созмон дода шудаанд.
Зикр гардид, ки 24 минтақа изҳори омодагӣ намудаанд, ки гурезагонро аз ин ду ҷумҳурӣ қабул мекунанд.