Мушовири пешини Шӯрои амнияти Афғонистон: Бозгашти Ашраф Ғанӣ овоза аст

© AP / Alex BrandonБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Мушовири пешини Шӯрои амнияти Афғонистон бо нашри аксе аз раисҷумҳури фирории Афғонистон ҳамроҳ бо худаш бозгашти вай ба ин кишварро хабарпароканӣ ё овоза хондааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини Шӯрои амнияти Афғонистон бо нашри аксе бо раисҷумҳури гурезаи Афғонистон навиштааст, ки "хабарпароканӣ дар бораи бозгашт Ашраф Ғанӣ ба Кобул бепоя аст".
Вай афзуд, Ашраф Ғанӣ ҳамеша ба сулҳи пойдор барои тамоми афғонистониҳо бовар дошта, ба он муттааҳҳид аст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз вуруди Салам Раҳимӣ, фиристодаи вижаи Ашраф ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо мақомоти толибон, расонаҳо хабар доданд, ки ҷонибдорони Ашраф Ғанӣ барои ворид шудани ӯ ба Кобул машварат кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, бародари Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирорӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки саъй дорад, то заминаи баргашти оқои Ғанӣ ба Афғонистон фароҳам шавад.
Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, ки ахиран бо бародараш дар Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард, гуфт, оқои Ғанӣ мехоҳад, "охири умри худро дар Афғонистон сипарӣ кунад".
 Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Ашраф Ғанӣ мехоҳад, охири умри худро дар Афғонистон сипарӣ кунад
Вай афзуд, Ғанӣ намехоҳад дар сурати бозгашт ба Афғонистон дар "кунҷи масҷид" дар инзивоъ бошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар он сурат беҳтар аст, ҳамчунон дар хориҷ аз кишвар бимонад.
Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 августи соли ҷорӣ дар ҳоле ки толибон ба дарвозаи Кобул расида буданд, фавран кишварро тарк ва ҳамин ариқ ҳукумат ва артиши Афғонистонро пароканда кард.
Лентаи хабарҳо
0