https://sputnik.tj/20220221/national-interest-ishtiboh-bayden-jang-savvum-jahon-1046098085.html
"National Interest": Иштибоҳи Байден ба Ҷанги Савуми Ҷаҳонӣ мунҷар мешавад
"National Interest": Иштибоҳи Байден ба Ҷанги Савуми Ҷаҳонӣ мунҷар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Амрико хатари барангехтани низоъи густурдаи мусаллаҳро бар асари мудохила ба вазъи Украинаро дорад
2022-02-21T15:55+0500
2022-02-21T15:55+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷо байден
амрико
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_0:50:3257:1882_1920x0_80_0_0_4bee2cee9b278381d0696594bd7d86cc.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Гузоришҳои сершумори расонаҳои Амрико ва Ғарб дар бораи "таҷовузи"-и Русия ба Украина вазъияти пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳониро ба ёд меорад. Дар ин бора "The National Interest" менависад. Раиси собиқи Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷорҷ Бибе қайд кард, ки империяҳои Олмон ва Бритониё аз як усул истифода мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷо Байден, раҳбари Амрико иддао дорад, ки Русия дар рӯзҳои наздик ба Украина "ҳамла" хоҳад кард, аммо далели мушаххасе пешниҳод намекунад.Биб таъкид кард, ки Маскав истиқрори нирӯҳои худро дар наздикии марзҳояш як муқовимати эҳтимолӣ бо НАТО медонад: Паймони Атлантикаи Шимолӣ кӯшиш мекунад, ки дар остонаи Русия қарор гирад. Штатҳои Муттаҳида ин гуна кирдорро таҳдид мешуморад. Таҳлилгар изҳороти раҳбари собиқи Амрико Теодор Рузвелтро дар бораи Кайзер Вилҳелми II мисол оварда, таъкид кард, ки суханони сиёсатмадор вазъиятро рӯшан нишон медиҳанд. Русия борҳо изҳор доштааст, ки иттиҳоми Ғарб дар "таҷовуз" ба Украина баҳонаи истиқрори таҷҳизоти низомии НАТО дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия аст. Маскав барои вазъи низоъ дар атрофи кишвари ҳамсоя ягон баҳона эҷод намекунад. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, чунин "истерия" ба хотири пӯшонидани камбуди Киев дар ҷиҳати тахриби созишҳои Минск дар мавриди Донбасс аст.
https://sputnik.tj/20220221/putin-makron-shab-takroran-suhbat-1046093800.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_116d83f5e70aca190eb8365a9524ef61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден украина
"National Interest": Иштибоҳи Байден ба Ҷанги Савуми Ҷаҳонӣ мунҷар мешавад
15:55 21.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раисҷумҳури Амрико хатари барангехтани низои густурдаи мусаллаҳро бар асари мудохила ба вазъи Украинаро ба вуҷуд меорад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Гузоришҳои сершумори расонаҳои Амрико ва Ғарб дар бораи "таҷовузи"-и Русия ба Украина вазъияти пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳониро ба ёд меорад. Дар ин бора "The National Interest" менависад.
Раиси собиқи Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷорҷ Бибе қайд кард, ки империяҳои Олмон ва Бритониё аз як усул истифода мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷо Байден, раҳбари Амрико иддао дорад, ки Русия дар рӯзҳои наздик ба Украина "ҳамла" хоҳад кард, аммо далели мушаххасе пешниҳод намекунад.
Биб таъкид кард, ки Маскав истиқрори нирӯҳои худро дар наздикии марзҳояш як муқовимати эҳтимолӣ бо НАТО медонад: Паймони Атлантикаи Шимолӣ кӯшиш мекунад, ки дар остонаи Русия қарор гирад. Штатҳои Муттаҳида ин гуна кирдорро таҳдид мешуморад.
Таҳлилгар изҳороти раҳбари собиқи Амрико Теодор Рузвелтро дар бораи Кайзер Вилҳелми II мисол оварда, таъкид кард, ки суханони сиёсатмадор вазъиятро рӯшан нишон медиҳанд.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки иттиҳоми Ғарб дар "таҷовуз" ба Украина баҳонаи истиқрори таҷҳизоти низомии НАТО дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия аст.
Маскав барои вазъи низоъ дар атрофи кишвари ҳамсоя ягон баҳона эҷод намекунад. Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, чунин "истерия" ба хотири пӯшонидани камбуди Киев дар ҷиҳати тахриби созишҳои Минск дар мавриди Донбасс аст.