https://sputnik.tj/20220221/kumita-javonon-nazarov-maqom-idoma-1046116119.html
Кумитаи ҷавонон гуфт, Дилшод Назаров корашро дар кадом мақом идома медиҳад
Кумитаи ҷавонон гуфт, Дилшод Назаров корашро дар кадом мақом идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз фаъолияти муовинони барканоршудааш тавсиф кард
2022-02-21T18:45+0500
2022-02-21T18:45+0500
2022-02-21T20:57+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
тағйирот
кадрӣ
таъйин
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046113012_0:355:1892:1419_1920x0_80_0_0_838dac49273339c789d9a9bb90f1ed31.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, ноибони навтаъйинаш аз ҳисоби кадрҳои худи ин ниҳод интихоб гардидаанд. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, ноиби сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён кадрҳои навтаъйинро дар ин ниҳод муаррифӣ намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки Раҳимзода Шабнам Карим ба ҳайси муовини якум, Сураҷ Чоршанбезода ва Парвиз Собирзода ба вазифаи муовинони раиси ин ниҳод таъйин гардиданд. Кумитаи ҷавонон инчунин иттилоъ дод, ки ноибони барканоршудаи роҳбари ин ниҳод минбаъд фаъолияташонро дар кадом мақом идома хоҳанд дод. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки Аҳмадзода Дилноза ба ҳайси муовини директори Аргентии хидмати давлатии назди президент таъйин шуд. Ин ниҳод афзуд, ки Дилшод Назаров ба ҳайси ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад. Раҳмонзода зимни гусели муовинони қаблию муаррифии ноибони нав давраи фаъолияти Аҳмадзода Дилноза ва Дилшод Назаровро пурсамар хонд. "Дар ин давра ҷавонону варзишгарони кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва нишондиҳандаи кумита низ ба маротиб боло гардид", - изҳор дошт ӯ. Раиси кумита аз ҳисоби кадрҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш интихоб намудани муовинони навтаъинро низ далели таваҷҷуҳи хоси ҳукумат ва президент ба ин соҳаи афзалиятнок унвон намудааст.
https://sputnik.tj/20220221/prezident-barkanori-imomzoda-shohin-saidzoda-1046107737.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046113012_68:280:1587:1419_1920x0_80_0_0_4046f40cd5aac9122aa405b8ffe53f8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумита, назаров, кор, куҷо
кумита, назаров, кор, куҷо
Кумитаи ҷавонон гуфт, Дилшод Назаров корашро дар кадом мақом идома медиҳад
18:45 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:57 21.02.2022) Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз фаъолияти муовинони барканоршудааш тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 21 фев - Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, ноибони навтаъйинаш аз ҳисоби кадрҳои худи ин ниҳод интихоб гардидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, ноиби сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён кадрҳои навтаъйинро дар ин ниҳод муаррифӣ намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки Раҳимзода Шабнам Карим ба ҳайси муовини якум, Сураҷ Чоршанбезода ва Парвиз Собирзода ба вазифаи муовинони раиси ин ниҳод таъйин гардиданд.
Кумитаи ҷавонон инчунин иттилоъ дод, ки ноибони барканоршудаи роҳбари ин ниҳод минбаъд фаъолияташонро дар кадом мақом идома хоҳанд дод. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки Аҳмадзода Дилноза ба ҳайси муовини директори Аргентии хидмати давлатии назди президент таъйин шуд.
Ин ниҳод афзуд, ки Дилшод Назаров ба ҳайси ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.
Раҳмонзода зимни гусели муовинони қаблию муаррифии ноибони нав давраи фаъолияти Аҳмадзода Дилноза ва Дилшод Назаровро пурсамар хонд.
"Дар ин давра ҷавонону варзишгарони кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва нишондиҳандаи кумита низ ба маротиб боло гардид", - изҳор дошт ӯ.
Раиси кумита аз ҳисоби кадрҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш интихоб намудани муовинони навтаъинро низ далели таваҷҷуҳи хоси ҳукумат ва президент ба ин соҳаи афзалиятнок унвон намудааст.