Коҳиши 25-дарасадии мавориди ҷинояти муҳоҷирин дар Екатеринбург

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Мавориди ҷинояти муҳоҷирин дар Екатеринбург кам шуд, аммо қонуншиканиҳо дар мавриди сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ афзош ёфт
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Мавориди ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Екатеринбург дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 25 дарсад кам шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Игор Озеров, сардори Раёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Екатиринбург гуфт, теъдоди қонуншиканиҳо дар соҳаи сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ се баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, моҳи феврал дар шаҳри Екатеринбург дар пайи латукӯби ду зан аз сӯйи як гурӯҳи наврасон дар истгоҳи автобус ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон ба як мавзуи доғ табдил ёфт. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ду наврас аз тарафи кормандони пулис боздошт шуданд.
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Танқисии омӯзгорон дар Хатлон: ду ҳазор муаллим ба муҳоҷират рафт
“Бинобар амалҳои пешгирикунандаи саривақтӣ роҳ дода нашуд, ки ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёбад. Мавориди ҷиноятҳои содиршуда аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 25 дарсад кам шуд", — иттилоъ додааст ТАСС аз қавли Игор Озеров.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар соли 2021 ниҳоди давлатӣ дар умури муҳоҷират 1264 ҳолати бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷиро ошкор кардааст, ки нисбат ба соли 2020 беш аз 3 баробар аст.
“Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда сабти номи қалбакии 111,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бекор карда шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0