https://sputnik.tj/20220221/kohish-istehsol-mashrubot-spirt-tojikiston-1046082534.html
Коҳиши истеҳсоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон
Коҳиши истеҳсоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони ҷумҳурӣ ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва оби минералӣ диққати ҷиддӣ доданд
2022-02-21T11:25+0500
2022-02-21T11:25+0500
2022-02-21T18:37+0500
дар тоҷикистон
машруботи спиртӣ
истеҳсол
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045432484_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_f9f7210d94929bc51b434cf140eb4f36.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Соли 2021 тавлиди нӯшокиҳои спиртӣ дар Тоҷикистон тақрибан 15% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба Оҷонсии омори кишвар менависад. Инак, дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ, пиво ва ликёр кам шудааст. Аз моҳи январ то декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ҳазор декалитр (1 декалитр - 10 литр) нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 14% камтар аст. Соли аввал нест, ки чунин тамоюл дар кишвар мушоҳида мешавад. Дар муқоиса бо солҳои 80-ум дар Тоҷикистон тавлиди машрубот ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Дар он рӯзҳо дар кишвар то 13 миллион декалитр нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол карда мешуд.Шояд сабаби ин кам шудани тавлиди машруб дар кишвар ба коҳиши корхонаҳои тавлии нӯшокиҳои спиртӣ рабт дошта бошад, ки феълан бештар аз 20 корхонаи хурд алкул истеҳсол мекунанд. Ба ҷои ин соҳибкорон ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайрспиртӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ду моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон тақрибан 20 миллион декалитр ҳамин гуна маҳсулот бо афзоиши 40-дарсадӣ тавлид шудааст. Истеҳсоли оби минералӣ аз ин ҳам ақиб намемонад. Аз моҳи январ то декабр дар мамлакат 47,8 фоиз зиёд, қариб 2 миллион декалитр об фароварӣ шудааст.Ёдовар мешавем, ки аз 1 январ дар ҷумҳурӣ регламенти нави техникии истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ мавриди амал қарор гирифт. Ҳоло арақ дар Тоҷикистон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Қувваи он бояд на камтар аз 38 дараҷа бошад.
https://sputnik.tj/20220204/quvvatnoki-kam-naboshad-qoida-istehsoli-araq-1045484723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045432484_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_9599c17a8821a36c2bf0316e38c45d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиши истеҳсол машрубот спирт тоҷикистон
коҳиши истеҳсол машрубот спирт тоҷикистон
Коҳиши истеҳсоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон
11:25 21.02.2022 (Навсозишуда: 18:37 21.02.2022) Соҳибкорони ҷумҳурӣ ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва оби минералӣ диққати ҷиддӣ додаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Соли 2021 тавлиди нӯшокиҳои спиртӣ дар Тоҷикистон тақрибан 15% коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба Оҷонсии омори кишвар менависад.
Инак, дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ, пиво ва ликёр кам шудааст.
Аз моҳи январ то декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ҳазор декалитр (1 декалитр - 10 литр) нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 14% камтар аст.
Соли аввал нест, ки чунин тамоюл дар кишвар мушоҳида мешавад. Дар муқоиса бо солҳои 80-ум дар Тоҷикистон тавлиди машрубот ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Дар он рӯзҳо дар кишвар то 13 миллион декалитр нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол карда мешуд.
Шояд сабаби ин кам шудани тавлиди машруб дар кишвар ба коҳиши корхонаҳои тавлии нӯшокиҳои спиртӣ рабт дошта бошад, ки феълан бештар аз 20 корхонаи хурд алкул истеҳсол мекунанд.
Ба ҷои ин соҳибкорон ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайрспиртӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ду моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон тақрибан 20 миллион декалитр ҳамин гуна маҳсулот бо афзоиши 40-дарсадӣ тавлид шудааст.
Истеҳсоли оби минералӣ аз ин ҳам ақиб намемонад. Аз моҳи январ то декабр дар мамлакат 47,8 фоиз зиёд, қариб 2 миллион декалитр об фароварӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январ дар ҷумҳурӣ регламенти нави техникии истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ мавриди амал қарор гирифт.
Ҳоло арақ дар Тоҷикистон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Қувваи он бояд на камтар аз 38 дараҷа бошад.